Идомаи бомбаборони хонаҳои истиқоматӣ дар Навори Ғазза

Ҳамлаҳои артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад ва минтақаҳои мухталифи ин борика аз сӯи артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳадаф қарор мегирад.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва бомбаборони хонаҳои истиқоматӣ дар Навори Ғазза тайи бомдод ва субҳи дирӯз ҳамчунон идома дошта ва теъдоди зиёде шаҳид ва захмӣ дар миёни фаластиниҳои бегуноҳ барҷой гузоштааст.

Шаҳодати 11 фаластинӣ дар Хон Юнус

Ҳамлаҳои ваҳшиёна ва беамони артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад ва минтақаҳои мухталифи ин борика аз сӯи артиши режими ғосиби саҳюнистӣ ҳадаф қарор мегирад.

Хабарнигори Алҷазира гузориш дод, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои артиши режими палиди саҳюнистӣ ба Хон Юнус дар соатҳои гузашта 11 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Ҳамчунин артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ як худрави ғайринизомиро дар шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза ҳадаф қарор дод ва 4 Фаластиниро ба шаҳодат расонд ва чанд нафари дигарро низ захмӣ кард.

4 фаластинии дигар низ дар бомбаборони як опортмон дар урдугоҳи Ал-Насирот воқеъ дар маркази Навори Ғазза ба шаҳодат расиданд.

Артиши режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ минтақаи «Ас-Салотин» воқеъ дар ғарби Байтуллоҳиё дар шимоли Навори Ғаззаро низ ҳадаф қарор дод ва 3 фаластинии дигарро ба шаҳодат расонд.

Дар натиҷаи ҳамлаи тӯпхонаӣ артиши режими хуношоми саҳюнистӣ ба шаҳраки «Зайтуни» Ғазза низ 2 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Инфиҷори маҳибе низ дар шарқи шаҳри Хон Юнус ба гӯш расида ва дуд аз минтақаи шаҳраки «Амал» дар маркази ин шаҳр ба ҳаво бархостааст.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ эълом кард, ки ҷангандаҳо ва тӯпхонаи артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ атрофи бемористони «Амал» дар Хон Юнусро тайи чанд навбат ҳадаф қарор додаанд.

Хабарнигори Алҷазира гузориш дод, ки ҳамзамон бо талоши ҷангафрӯзҳои артиши режими саҳюнистӣ барои пешравӣ дар шарқи урдугоҳи Ҷиболиё ва минтақаи Байтуллоҳиё, даргириҳои шадиде дар ин минтақаҳо дар ҷараён аст.

Тӯпхонаи артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ бархе нуқотро дар Байтуллоҳиё воқеъ дар шимоли ғарбии Навори Ғазза низ гулӯлаборон кард.

Бархе хонаҳо дар шарқи Ҷиболиё низ аз сӯи ҷангандаҳои артиши режими ваҳшии саҳюнистӣ бомбаборон шуд.

Даргириҳои шадиде низ дар шарқи маҳаллаҳои «Туффоҳ» ва «Дарҷи» шаҳри Ғазза миёни низомиёни артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ва муборизони муқовимати исломӣ дар ҷараён аст.

Сухангӯи Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза: Наметавонем беморонро барои дармон ба хориҷ аз Ғазза мунтақил кунем

Ашраф Ал-Қадура, сухангӯи Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза таъкид кард, ки режими ишғолгари саҳюнистӣ аз оғози ҳамла ба ин борика низоми дармонии онро ҳадаф қарор додааст.

Ашраф Ал-Қадура бо ишора ба камбуди кӯмакҳои вурудӣ ба Ғазза баён кард: кӯмакҳое, ки вориди Навори Ғазза мешавад посухгӯи ниёзҳои беҳдоштии асосии ин борика нест. Талош мекунем миёни захмиҳо ва беморон ба он афроде, ки имкони наҷоташон вуҷуд дорад аввлавият бидиҳем. Ишғолгарон созукори хурӯҷи беморон аз Навори Ғаззаро таҳти кантрол доранд ва мо наметавонем беморонро барои дармон ба берун аз Навори Ғазза мунтақил кунем.

Вай дар идома бо ишора ба тахриби таъсисоти беҳдоштӣ ва дармонии Навори Ғазза ба вижа дар шимоли ин борика таъкид кард: талош дорем таъсисоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ва хадамоти беҳдоштӣ ва дармонии воқеъ дар шимоли Навори Ғаззаро то ҳадди имкон ҳифз кунем ва наҷот бидиҳем.

Режими ҷинояткори саҳюнистӣ 94 нафар аз асотиди донишгоҳро дар тайи ҳамалот ба Ғазза ба шаҳодат расондааст

Маркази ҳуқуқи башари Аврупои – Мидитарона аз ҷиноёте парда бардошт, ки режими хуношоми саҳюнистӣ алайҳи асотиди донишгоҳҳои фаластинӣ ва муаллимон анҷом додааст.

Ин марказ баён кард: мо кушташудани 94 устоди донишгоҳҳои фаластинӣ ва низ садҳо муаллим ва ҳазорон донишомӯзи Фаластиниро дар ростои ҷинояти куштори ҷамъӣ, низомиёни артиши ҷинояткори Исроил ба Ғазза аз ҳафтуми октябр сабт кардем.

Маркази мазкур гузориш дод, ки артиши режими палиди саҳюнистӣ дар ҳазорон ҳамлаи ҳавоӣ худ ба Ғазза, ҳамлаҳое ба сурати омидона алайҳи шахсиятҳои академик, илмӣ ва фикрӣ дар Ғазза анҷом додааст, ки шумори зиёде аз ин афрод дар ҷараёни ҳамла ба манозилашон шаҳид шудаанд.

Дар ин феҳрист 17 нафар прафессор, 59 нафар бо мадраки докторӣ ва 18 нафар бо мадраки фавқи лисонс вуҷуд дорад ва ба гузориши ин марказ ин омори ниҳоӣ нест зеро шумори зиёде дар зери овор ҳастанд.

Аз сӯи дигар Созмони Милал аз оворашудани шумори зиёде аз занони фаластинӣ ба иллати ҳамлаҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Ғазза хабар дод.

Шумори шуҳадои Ғазза ба 24 ҳазору 927 нафар расид

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта 14 куштори дигарро дар ин борика муртакиб шуда, ки тайи он 165 нафар шаҳид ва 280 нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд.

Ин вазоратхона таъкид кард, ки бад-ин гуна шумори шуҳадои Навори Ғазза аз оғози ҷанг ба 24927 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 62388 нафар афзоиш ёфтааст.

Ҳанӯз наздик ба 7000 нафар ҳам зери овор ҳастанд.

Ҳамлаи саҳюнистҳо ба шаҳрҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ

Ин дар ҳоле аст, ки ҳамлаҳои рӯзонаи артиши режими палиди саҳюнистӣ ба бахшҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамчунон идома дорад ва мутаҷовизон бомдоди дирӯз ба сурати густурда ба ин минтақа ҳамла бурданд.

Минтақаи Куфр Сулс воқеъ дар шарқи Қалқилия ва урдугоҳи Шафаот воқеъ дар шимоли Қудси ишғолӣ шоҳиди ҳамлаҳои артиши режими палиди саҳюнистӣ будааст.

Низомиёни ишғолгар дар ҷараёни ҳамла ба ин урдугоҳ ва даргирӣ бо шаҳрвандони фаластинӣ аз гази ашковар истифода карданд. Онҳо ба урдугоҳи Балата дар шарқи Наблус ва минтақаи Тақуъ воқеъ дар ҷануби шарқи Байтуллаҳм низ ҳамла бурданд.

Неруҳои муқовимати исломии Фаластин низ дар исти бозрсии Тиасир воқеъ дар шарқи шаҳри Тубас бо мутаҷовизон даргир шуда ва талош карданд монеъи пешравии онҳо шаванд.

Муассисаи ҳуқуқи башари аврупоӣ: Ҷиноёти Исроил бо оғози муҳокима дар додгоҳи Гаага ҳам идома ёфтааст!

Созмони дидабони Аврупо – Мидитарона дар масоили ҳуқуқи башар таъкид кард, ки ишғолгарони исроилӣ аз замони оғози муҳокимаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар додгоҳи Гаага тайи як ҳафтаи гузашта, ки аз сӯи Африқои Ҷанубӣ дар хусуси таҷовузҳои марбут ба илтизом ба тавофуқномаи манъи куштори ҷамъӣ ва муҷозоти он матраҳ шуда, болиғ бар ҳазор фаластиниро дар Ғазза ба шаҳодат расондаанд.

Ин муассисаи ҳуқуқи башари дар баёнияи худ таъкид мекунад бар хилофи матолибе, ки вукалои исроилӣ дар додгоҳи байналмилалӣ дар хусуси радди иттиҳоми куштори ҷамъӣ матраҳ мекунанд, аммо воқеиятҳои майдонӣ нишон медиҳад, ки Исроил ҳаргиз ва ҳатто дар замони муҳокима дар баробари додгоҳи Гаага аз анҷоми ин кушторҳо даст барандоштааст.

Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар баробари ин додгоҳ муддаӣ шуда, ки ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғаззаро ҳадаф қарор намедиҳад, аммо асноди байналмилалии Созмони дидабони ҳуқуқи башар иддаоҳои ин режимро мутаноқиз бо таҳаввулоти майдонии Ғазза тайи рӯзҳои 12 то 18 январ медонад.

Ин гузориш таъкид кардааст, ки артиши режими ғосиб ва хуношоми саҳюнистӣ танҳо тайи 7 рӯзи гузашта беш аз 1018 фаластиниро дар Ғазза ба шаҳодат расонда, ки дасти кам 390 нафар аз онҳо кӯдак ва 208 нафар зан ҳастанд. Исроил ба таври мутавассит рӯзона 145 нафарро ба шаҳодат расонда истодааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад