Омодагии Чин барои миёнҷигарӣ дар равобити Эрону Покистон

Сарконсули Чин дар Карочи пешниҳоди миёнҷигарии кишвараш барои ҳалли масоили пешомада байни Эрону Покистонро матраҳ кард.

Сарконсули Чин дар Карочи, Янг Юндун имрӯз панҷшанбе гуфт, Пекин моиласт нақши созанда дар ҳаллу фасли ихтилофот байни Исломобод ва Теҳрон ифо кунад.

Ӯ дар посух ба саволе дар хусуси ҳамлаи мушакии зидди террористии ахир Эрон гуфт “Покистону Эрони кишварҳои бузурги минтақа ва ҷаҳони Ислом ҳастанд, бинобар ин Чин умедвор аст ихтилофот байни онҳоро битавонад аз тариқи музокира ва соири равишҳои мусолиматомез ҳаллу фасл кард.”

Сарконсули Чин дар Карочии Покистон ҳамчунин аз ду кишвар хост бо риояти усул ва маншури Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои равобити байналмилалӣ хештандорӣ кунанд. Вай афзуд “умедворем Покистон ва Эрон битавонанд барои ҳалли мушкилоти худ ба гуфтугӯ биншинанд.”

Пештар, раиси дастгоҳи дипломасии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайн Аамирабдуллоҳиён дар гуфтугӯ бо ҳамтои покистонӣ, амнияти Покистонро амнияти Ҷумҳурии Исломӣ Эрон хонду дар бораи амалиёти ахир баён кард, ки амалиёти зидди террористии сешанбеи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, алайҳи гуруҳаки террористӣ ба номи Ҷайш Ал-зулм буд, ки алайҳи амнияти муштараки Эрону Покистон иқдом мекунад ва ҳеҷ як аз шаҳрвандони покистонӣ дар ин амалиёт мавриди ҳамла қарор нагирифтанд.

Имрӯз ҳам дар пайи интишори ихборе дар бораи ҳамлаи Покистон ба хоки Эрон, Вазорати умури хориҷаи Покистон дар вокуниши аввалияи худ, Эронро кишвари бародар хонду гуфт, ки “комилан ба ҳокимияту тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром мегузорад.”

Дар баёнияе, ки сайти Вазорати хориҷаи Покистон нашр кардааст ин вазоратхона эълом кард: “Субҳи имрӯз Покистон маҷмӯъае аз ҳамалоти низомии дақиқу комилан ҳамоҳанг ва ҳадафмандро алайҳи махфигоҳҳои террористҳо дар вилояти Систону Балучистони Эрон анҷом дод.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад