Дархости хонаводаи зиндониёни саҳюнистӣ аз Амрико барои фишор ба Нетанёҳу

Хонаводаи зиндониёни саҳюнистӣ бо дархост аз давлати Амрико барои ирсоли паёми маҳкам ба кобинаи Телавив, аз Вашингтон хостанд, ки Нетанёҳуро барои пазириши тавофуқи поёни ҷанг ва озодии зиндониён таҳти фишор қарор диҳад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бовҷуди иддаоҳои кабинаи “Бенямин Нетанёҳу” нахуствазири режими саҳюнистӣ мабни бар талоши Телавив барои озодии тамоми зиндониёни саҳюнист дар Навори Ғазза, хонаводаи ин зиндониён, аммо ба акс ин мавзӯъро бовар доранд.

Хонаводаи зиндониёни саҳюнистии боздоштшуда тавассути Ҳамос дар Навори Ғазза, ифшо карданд, ки “Бенямин Нетанёҳу” нахуствазири режими саҳюнистӣ барои боқӣ мондан дар қудрат ва идома додани ҷанг, ҳеҷгуна тавофуқи оташбасро намепазирад.

Яке аз ин афрод шомгоҳи чаҳоршанбе тайи нишасте, ки сарони маҷлиси Сенати Амрико бо хонаводаи зиндониёни саҳюнистӣ доштанд, гуфт: «ин бунбаст дар воқеъ тақсири Амрико ё Қатар нест. Ин бунбаст бар гардани давлати Нетанёҳу аст».

Ба навиштаи вебгоҳи «Таймс Исроил», хонаводаи зиндониёни саҳюнистӣ гуфтанд, ки чандин мартаба дар бораи тавофуқҳои дар дастрасие, ки метавонист боиси озодии онҳо аз Навори Ғазза шавад, гузоришҳои дарёфт кардаанд, аммо ҳамагӣ ба хотири Нетанёҳу бекор карда шуданд.

Яке аз ин афрод тавзеҳ дод: «вақте Нетанёҳу ба афкори умумӣ мегӯяд, ки қасд дорад гаравгонҳоро ба хона баргардонад, инфиол ва беамалӣ дар ин замина ба мо нишон медиҳад, ки ӯ мехоҳад ҷанг идома пайдо кунад ва дар қудрат боқӣ бимонад».

Хонаводаи зиндониёни саҳюнистӣ бо дархост аз давлати Амрико барои ирсоли паёми маҳкаме ба кабинаи Телавив, таъкид карданд: «Мо мехоҳем, ки Исроилро таҳти фишор қарор диҳед то тавофуқи поёни ҷангро бипазирад ва гаравгонҳо ба хона баргарданд. Агар бозгардондани гаравгонҳо ба хона аввлавият аст, пас бояд ин ҷанг мутаваққиф бишавад».

Тибқи ин гузориш, дафтари нахуствазири режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз посух ба ин изҳороти хонаводаҳои зиндониёни саҳюнистӣ имтиноъ кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад