Раҳбари Эрон: Расидан ба аҳдофи исломӣ танҳо бо ҳамкории мардум мумкин аст

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дидор бо имомони ҷумъаи саросари ин кишвар таъкид карданд, расидан ба ҳадафҳои исломӣ танҳо бо ҳузури мардум имконпазир мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дидор бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва баргузории гирдиҳамоӣ бо ҳузури Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон аз ҷумла барномаҳои 26-умин гирдиҳамоии имомони ҷумъаи саросари ин кишвар буд, ки рӯзи душанбе бо дидори Оятуллоҳ Хоманаӣ поён ёфт.

Раҳбари Эрон дар дидор бо имомони ҷумъаи саросари ин кишвар бо таъкид бар инки масъалаи мардум як асли ӣсломӣ мебошад, гуфтанд: Расидан ба ҳадафҳои исломӣ ҷуз бо ҳузури мардум имконпазир нест. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома таъкид карданд: Масъалаи мардум як асли исломӣ аст.

Раҳбари Эрон ҳузур, хосту иқдоми мардумро як асли асосӣ дар Ислом хонданд ва бо таҳсини вафодорӣ, сабурӣ, алоқамандӣ, ҳушмандӣ ва фидокории миллати Эрон гуфтанд: Ин мардум ҳатто бо завоҳири мутафовит муъминанд ва дилашон бо Худост ва бояд ба маънои воқеии калима қадри ононро донист ва амиқан ба онҳо муҳаббат варзид.

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон ҳамчунин истодагӣ ва таваккули мардуми мазлуми Ғаззаро боиси таҳсини ҷаҳонён, тарвиҷи Ислом ва тавваҷуҳи миллатҳо ба Қуръон донистанд ва фаъолияти миллати Яман ва давлати Ансоруллоҳро дар дифоъ аз мардуми Ғазза намунаи ошкори ҷиҳод дар роҳи Худо  донистанд.

Раҳбари Эрон гоҳ кардани мардум аз ҳаводиси дохилӣ ва ҷаҳонӣ, тавтеаҳо ва нақшаҳои душман ва ниёзҳо ва ҳақиқатҳои ҷомеаро аз илзомоти муҳтавоии хутбаҳо баршумурданд ва дар баёни масодиқе аз мавизаҳои иҷтимоӣ гуфтанд: Зарурати афзоиши ҷамъият ва тақвияти неруи инсонии кишвар, табйини масаълаи издивоҷ дар сини муносиб ва ташреҳи зарурати парҳез аз исрофи ҳақиқатан зиёновар дар мавориди мутааддид, аз ҷумлаи заминаҳое аст, ки ниёз ба мавъизаи иҷтимоӣ дорад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, ташвиқи ҳамаи мардум ба ҳузур дар майдонҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоиро дар хутбаҳои намози ҷумъа зарурӣ хонданд ва афзуданд: Ташвиқи мардум ба корҳои хайри иҷтимоӣ монанди мушорикат дар сохти мактаб ва бемористон ва кумак ба озодии зиндониёни ниёзманд ва ё ташвиқ ба ҳузур дар майдони сиёсӣ монанди интихобот, корӣ лозим аст.

Раҳбари Эрон ҳузур дар интихоботро ҳам вазифа ва ҳам ҳаққи мардум донистанду гуфтанд: Ҳузури мардум дар интихобот ба маънои ҳақиқии калима лозим аст албатта интихобот танҳо таклиф нест балки ҳаққи мардум аст, ки битавонанд қонунгузорон, муҷриёни қонун ва ё аъзои Маҷлиси хубрагонро интихоб кунанд.

Раҳбари Инқилоби Эрон бо таъкид бар ин ки “ҷиҳоди табйин” дар ташвиқи мардум ба ҳузур дар саҳна муассир аст сирфи даъвати забониро кофӣ надонистанд ва афзуданд: Амал, руйи хуш, забони посухгӯ ва ҳузур дар ҷамъҳои гуногуни мардум бахусус ҷамъҳои ҷавонон зарурӣ мебошад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонашон бо таъкид бар ин ки имрӯз кӯмаки Худованд бар мардуми Ғазза қобили мушоҳида ва намоён аст гуфтанд: Мардуми мазлум ва муқтадири Ғазза тавонистанд дунёро таҳти таъсири муборизоти худ қарор диҳанд ва имруз дунё ба ин мардум ва муборизон ва гуруҳи муқовимати онҳо ба чашми қаҳрамон нигоҳ мекунад.

Эшон барҷаста шудани мазлумият ва дар айни ҳол пирӯзии мардуми Ғазза дар чашми ҷаҳониёнро аз осору баракоти сабру таваккули онон хонданду афзуданд: Дар муқобил, имрӯз касе дар дунё қоил ба пирӯзии режими ғосибу хабиси саҳюнистӣ дар ҷанг нест ва дар назари оҳоди мардуми дунё ва сиёсиҳо ин режим, мавҷуди золим, бераҳм, гурги хунхор ва шикастхӯрдаву муталошӣ аст.

Раҳбари Инқилоби Эрон бо таъкид бар инки мардуми Ғазза бо истодагии худ Исломро дар чашми инсонҳои ҷустуҷӯгари олам, тарвиҷ ва Қуръонро маҳбуб карданд аз Худованд сарбаландии рӯзафзуни муборизони ҷабҳаи муқовимат бахусус мардум ва муборизини Ғаззаро масъалат карданд.

Эшон ҳамчунин бо тамҷиду таҳсини кори бузурги миллати Яман ва давлати Ансоруллоҳ дар пуштибонӣ аз мардуми Ғазза, хотирнишон карданд: Яманиҳо ба нуқтаи ҳаётии режими саҳюнистӣ зарба ворид карданд ва аз таҳдиди Амрико натарсиданд чаро, ки инсони Худотарс аз ғайри Худо наметарсад ва ин кори онҳо ҳақиқатан ва инсофан ҷиҳод дар роҳи Худост.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ибрози умедворӣ карданд: Ба изни Парвардгор ин муҷоҳидатҳо, муқовиматҳо ва фаъолиятҳо то пирӯзӣ идома пайдо кунад ва Худованд нусрату ёрии худро шомили ҳамаи касоне намояд, ки дар роҳи мавриди ризояти Ӯ ҳаракат мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад