Пойдорӣ ва муқовимати мардуми Ғазза пас аз 100 рӯз

Ҷиноятҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ҳоло ба 100 рӯз расидааст. Ба теъдоди рӯзҳои пуртакрори ҷиноят, камтар касе гумон мекард ин ҳаҷм аз куштор 100 рӯз идома биёбад ва мардуми Навори Ғазза ҳам ҳамчунон устувор бар тасмим ва иродаи худ дар дифоъ аз ватанашон бимонанд.

Пас аз гузашти 100 рӯз аз ҷанг ва ҷиноят алайҳи миллати мазлуми Фаластин дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ва моҳҳо вайронӣ, куштор бо силоҳҳои мухталиф ва бомбаҳои амрикоӣ ва ҳимояти ҷаҳонӣ, имрӯз дунё шоҳиди мӯъҷизае ба маротиб бузургтар аз ҳамлаи ҳафтуми октябр аст, мӯъҷизаи пойдорӣ ва муқовимати мардуми Ғазза пас аз 100 рӯз он ҳам дар як ҷанг ва ҳамлаи ваҳшиёна аз тарафи режими саҳюнистӣ.

Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ вориди ҷанг шуд ва аҳдоферо барои худ таъйин карда буд, аз ҷумла нобуди муқовимати исломии Ҳамос ва тавони низомии он ва замоне, ки фаҳмид қодир ба таҳаққуқи ин ҳадаф нест, маҷбӯр шуд онро бипазирад.

Режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, ки қасди нобудии Ҳамосро доштанд, имрӯз қудратмандтар аз он чизе шуда, ки душмани саҳюнистӣ ва дигарон гумони онро мекарданд, муқовимати исломии Ҳамос ва ба як бозигари минтақаӣ муҳимме дар арсаи сиёсӣ ва байналмилалӣ табдил шудааст.

Ҳадафи дигаре, ки режими ғосиб ва бераҳми саҳюнистӣ дар ин ҷанги ваҳшиёна ва нобаробар ба думболи он буд, нобудии гурдонҳои Қассом ва тазъифи он буд ва имрӯз дунё саросар шоҳид аст, ки гурдонҳои Қассом ҳар рӯз ва ҳар лаҳза чӣ бар сари артиши ҷинояткори саҳюнистӣ дар Ғазза меояд.

Рӯзи гузашта ҳамчунин “Абу Убайда”, сухангӯи гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷабҳаи муқовимати Ҳамос пас аз гузашти 100 рӯз аз набарди “Тӯфони Ал-Ақсо” дар суханоне таъкид кард: «набарди Тӯфони Ал-Ақсо, набарди муҳим дар таърихи миллат ва уммат ва фарёде буд, ки барои озодии ҳамаи миллатҳо ба садо даромад. Ҳеҷ гузинае ҷуз бакоргирии тамоми тавони худ ҷиҳати посух ба кушторҳо ва ҷиноёти душман алайҳи миллати хеш дар пеш надорем. Заработи сахте ба душман ворид кардем ва ҳамчунон ба ворид кардани зарботи шадидтар аз зарбаи ҳафтуми октябр ба он идома медиҳем.»

Сухангӯи гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷабҳаи муқовимати Ҳамос ҳамчунин афзуд: «1000 худрави зиреҳии ишғолгарони саҳюнистиро тайи 100 рӯзи ҷанг ҳадаф қарор дода ва мунҳадим кардем. Ҳар ончиро аз неруҳо ва адавоти ҷангии душман ҳадаф қарор додем, бо силоҳҳои сохти гурдонҳои Қассом будааст. Ҳамосае, ки муҷоҳидони мо офариданд, ба унвони яке аз бузургтарин ва муқаддастарин набардҳо дар таърихи уммати исломӣ сабт хоҳад шуд. Набарди Тӯфони Ал-Ақсо набарди миҳани Фаластин аст, ки миллат ва муқовимат дар хандақи воҳид канори ҳам меҷнганд.»

Гуфтнӣ аст муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ дар вокуниш ба ситамҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҳаққи миллати мазлум ва бедифои Фаластин амалиёти мунҳасир ба фардро алайҳи ин режими ҷинояткор ба иҷро даровард ва муваффақ шуд дасти кам 239 саҳюнистро ба асорат даровард, ки 105 тан аз ин асирон дар қолаби тавофуқи оташбаси муваққат миёни режими саҳюнистӣ ва Ҳамос дар баробари 240 асири фаластинӣ озод шуданд. Режими палиди саҳюнистӣ баровард мекунад, ки 137 асири саҳюнистӣ ҳамчунон назди муқовимати исломии Фаластин ва дар Навори Ғазза ҳастанд.

Ҳамчунин ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос эълом кардааст, ки гуфтугӯ барои озодии асирон назди муқовимат дар сурате анҷом хоҳад шуд, ки оташбаси комил дар Навори Ғазза эъмол шавад; Мавзӯе, ки кобинаи Нетаняҳу токунун онро напазируфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад