Сайидҳасан Насруллоҳ: Мо омодаи ҷанг ҳастем!

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар тозатарин суханронии худ ба баррасии таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон пардохт.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, муқовимати яксад рӯзаи миллати Фаластин дар Ғаззаро дар тӯли таърих бесобиқа донист ва гуфт: “онҳо дар зери бомбаборони ваҳишёна устувору муқовим ва росиху қавӣ истодаанд.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар ибтидои суханронии худ ба муносибати ёдбуд Васом Ҳасан Тавил, маъруф ба ҳоҷӣ Ҷавод, фармондеҳи аршади майдонии бахши Ризвони Ҳизбуллоҳ, ки ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расид ба сӯҳбат дар бораи размандагони муқовимат ва хонаводаҳои онҳо, ки фарзандонашонро барои дифоъ аз кишвар ва мазлумон ба хатти муқаддам мефиристанд пардохта ва гуфт, ин набарди мустамар паёми бузурге дорад, ки тавассути падарон ва модароне, ки танҳо фарзандони худро ба хатҳои муқаддами мубориза бо душман мефиристанд, имзо шудааст.

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд, теъдоди зиёде аз ҷавонон мо 100 рӯз аст, ки дар майдони набард бо душман меҷанганд ва хонаводаҳои устувор ва пойдор ва сабури онҳо низ бахше аз ин ҷиҳод ҳастанд. Бахши бузурге аз иқдомоте, ки шаҳидони мо анҷом медиҳанд; ҷузви асрори муқовимат аст. Мо бояд ҳамагӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунем, то аносири сабр ва пойдориро дар ин набарде, ки ҳанӯз андозаи онро намедонем, фароҳам кунем.

Ҳоҷӣ Ҷавод дар ҷанги июл ва ҷанг бо ДОИШ фармондеҳи майдонии муқовимат буд

Вай дар идома ба сӯҳбат дар бораи шаҳид ҳоҷӣ Ҷавод, фармондеҳи аршади бахши низомии Ризвон пардохта ва изҳор дошт, ки ҳоҷӣ Ҷавод дар соли 2006 аз фармондеҳони майдонии муқовимат буд ва дар ҷараёни ҷанг бо ДОИШ дар Сурия ҳам яке аз фармондеҳони муқовимат буд. Мо ифтихор мекунем, ки бо ДОИШ ҷангидем ва дар ин роҳ шаҳид тақдим кардем. Ҳамчунин дар ҷанги кунунӣ бо душмани саҳюнистӣ аз 8-и октябр ҳам шаҳид ҳоҷӣ Ҷавод яке аз фармондеҳон майдонӣ буд ва бо вуҷуди инки захмӣ шуда буд, аммо ҳаргиз майдонро холӣ накард. Ӯ намунаи як инсони муъмн буд ва ҳамвора дар майдон ҳузур дошт.

Ғазза баъд аз 100 рӯз муқовимати устураӣ ба намоиш гузошт

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод, шаҳид ҳоҷӣ Ҷавод доиман дар майдон ҳозир буд ва замон ва макон барояш маъно надошт ва ин яке аз маъноҳои фидокорӣ дар роҳи ормон ва адои таклиф аст. Шаҳидон касоне ҳастанд, ки пирӯзиро месозанд. 100 рӯз аз ҷанг гузашта ва Ғазза ҳамчунон дар як вазъият устуворӣ қарор дорад, ки таърих токунун шоҳиди он набудааст. Муқовимати Ғазза бо ҳамаи гурӯҳҳои худ бо қаҳрамонии беназир шабонарӯз дар ҳоли мубориза бо душман аст.

Исроил ҳатто ба тасвири пирӯзи ҳам намерасад

Ӯ идома дод, душман дар таҳаққуқи ҳамаи аҳдофи эълоншуда ва эълоннашудаи худ дар ин ҷанг шикаст хӯрда ва ин чизе аст, ки худи исроилиҳо ба он эътироф мекунанд. Нерӯҳои душман ҳамчунон дар Хон Юнус ва маркази Ғазза дар ҳоли ҷанг ҳастанд ба умеди инки дастоварде касб кунанд. Аммо душман тавоноии зарба задан ба муқовиматро надорад ва ғарқ дар шикаст аст ва таҳлилгарони исроилӣ эътироф мекунанд, ки ин режим ҳатто ба тасвире аз пирӯзӣ ҳам наметавонад бирасад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома ба талафоти артиши саҳюнистӣ дар ҷанг Ғазза ишора карда ва гуфт, душман пеш аз вуруд ба марҳалаи севуми ҷанг, ки дар он нерӯҳои худро дубора мустақар хоҳад кард ҳамчунон ба умеди касби як дастовард меҷангад. Талафоти артиши ишғолгар дар ҷанг сабаби афзоиши сардаргумии саҳюнистҳо шуда ва охирин мавриди талафоте, ки эълон шуд марбут ба маълул шудани 4 ҳазор нафар дар сафи артиши саҳюнистӣ давоми 100 рӯз аст ва мегӯянд, ки ин теъдод ба 30 ҳазор нафар хоҳад расид.

Фоҷеаи бузург барои саҳюнистҳо баъд аз поёни ҷанг аст

Сайид Насруллоҳ таъкид кард, аммо фоҷеаи бузург барои душмани саҳюнистӣ замоне аст, ки ҷанг ба поён бирасад ва он замон мизони фоҷеае, ки ин режим гирифтори он шуда ва зарбае, ки дар гоми нахуст муқовимати Ғазза ба саҳюнистҳо ворид карда, мушаххас хоҳад шуд. Душман ҳар рӯз дар ҷабҳаи Ғазза ва Лубнон ва Каронаи Бохтарӣ мутаҳаммили талафоти зиёде мешавад. Илова бар он хисоратҳои иқтисодӣ ва ҳазинаи оворагони исроилӣ низ як чолиши дигар барои Исроил аст.

Ин раҳбари муқовимат дар идома ба амалиётҳои Яман зидди душман дар Дарёи Сурх пардохта ва гуфт, ончи, ки дар Дарёи Сурх иттифоқ меафтад, зарбаи бузурге ба иқтисоди душман ворид карда ва чеҳраи воқеии он дар ҷаҳон барои ҳама фош шудааст; ҳамонанди иттифоқе, ки дар додгоҳи Гаага фориғ аз натиҷаи ин додгоҳ рух дод. Саҳнаи муттаҳам шудани режими ишғолгар дар баробари дидгоҳи ҳамаи ҷаҳониён тибқи шавоҳиди қатъӣ ва муътабар, иттифоқи бесобиқа буда ва ин режимро нигарон ва сардаргум кардааст.

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард, фидокориҳо ва хунҳои мазлумон ҳаргиз ҳадар нахоҳад шуд ва ҳамин хунҳо ва фидокориҳо дастовардҳои решаӣ ва асосӣ муҳаққиқ кард. 100 рӯз аз ҷанг гузашта ва душмани саҳюнистӣ, ки хисоратҳои фаровоне мутаҳаммил шуда, умед ба бозгардондани асирони худро аз даст додааст ва афкори умумии Исроил, ки қаблан ҳомии ҷанг буданд шурӯъ ба коҳиши ҳимоятҳои худ аз ҷанг кардаанд.

Исроил чорае ғайр аз таслим шудан дар баробари шартҳои муқовимат надорад

Сайид Насруллоҳ дар идома ба эътирозҳои идомадор дар заминҳои ишғолӣ зидди Бенёмин Нетоняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ишора карда ва таъкид кард, ки дархост барои истеъфои Нетоняҳу нишонаҳои эътироф ба шикаст аст ва садоҳои зиёде боло рафтааст, ки хостори музокира ҳастанд ва агар ин дархост дар изои оташбас дар Ғазза бошад ба маънои таслим шудан дар баробари шартҳои муқовимат аст. Агар раванди кунунӣ дар ҷабҳаҳои Ғазза, Каронаи Бохтарӣ, Лубнон, Яман ва Ироқ идома пайдо кунад, душман маҷбур ба қабули шартҳои муқовимат мешавад. Душман чорае ғайр аз қабули шартҳои муқовимат надорад ва ин яъне пирӯзии ваъда додашудаи муқовимат.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи таҷовузҳое, ки ахиран амрикоиҳо алайҳи мавзеъҳои Яман анҷом додаанд гуфт, таҳдидҳое дар Лубнон аз ҷониби амрикоиҳо бо вуруди новгонҳои онҳо (ба Дарёи Мидитарона) вуҷуд дошт, аммо ҳеҷ як аз ин таҳдидҳо ба натиҷа нарасид ва онҳо сипас шурӯъ ба таҳдид бо абзори саҳюнистӣ карданд, ки он ҳам суде надошт ва баъд аз он иқдом ба таҷовуз ба Яман ва анҷоми ҳамлаҳое дар Ироқ (алайҳи гурӯҳҳои муқовимат) карданд.

Таҷовуз ба Яман нишондиҳандаи аҳмақии Амрико ва Англис аст

Вай афзуд, таҷовуз ба Яман нишонгари ҳамоқати Амрико ва Англис ва таноқузгӯии Вашингтон аст; ҷое, ки Амрико ба адами густариши ҷанг даъват мекунад ва сипас худаш ҷангро густариш медиҳад. Коре, ки Амрико дар Дарёи Сурх анҷом медиҳад ба кулли киштиронӣ дар ин дарё осеб мезанад ва ин коре аст, ки амрикоиҳо барои ҳимоят аз Исроил мекунанд. Майдони набард ва шабҳо ва рӯзҳо байни яманиҳо ва мутаҷовизон аст ва Амрико ба зудӣ ба мизони иштибоҳи худ пай хоҳад бурд. Яманиҳо соҳиби ҳақ ҳастанд; зеро дар канори Фаластин ва Қудс қарор доранд ва дар ниҳоят душман ноумед ва шикастхӯрда хоҳад шуд.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома бо ситоиш мавозеи уламо ва мардон ва занони баҳрайнӣ, ки ҳамбастагии худро бо Яман ва Ғазза нишон дода ва мавзеи хоинона ва залилонаи режими Оли Халифаро рад карданд, изҳор дошт, Байден ба зудӣ мутаваҷҷеҳ мешавад бо таҷовуз ба Яман чӣ аҳмақие кардааст ва имрӯз бештар аз гузашта ҳар фарди араб ва мусулмон ва озодае масъулият дорад, ки дар канори Яман беистд ва инҷо фосила байни ҷабҳа ҳақ ва ботил аст.

Амалиёти муқовимати Ироқ дар Ҳайфо муваффақ буд

Вай бо ишора ба амалиётҳои гурӯҳҳои муқовимати Ироқ зидди мавозеи Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид кард, амалиётҳои муқовимати исломии Ироқ зидди душман ҳамчунон идома дорад ва ман аз инҷо эълон мекунам ончи, ки муқовимати Ироқ дар бораи ҳадаф қарор додани маконе дар Ҳайфо эълон кард, комилан саҳеҳ аст ва в иттилооти мо таъкид мекунад, ки мавзеи мавриди назар дар Ҳайфо мавриди ҳадаф қарор гирифт, аммо Исроил онро махфӣ мекунад.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи амалиёти муҳиме, ки муқовимати Лубнон ҳафтаи қабл дар пойгоҳи Мерон ба унвони бузургтарин пойгоҳи ҷосусӣ-низомии режими саҳюнистӣ анҷом дод, изҳор дошт, мизон пинҳонкории душман дар бораи талафоти худ ба андозае аст, ки саҳюнистҳо ҳатто намехоҳанд ба ҳадаф қарор гирифта шудани пойгоҳи Мерон эътироф кунанд. Муқовимати Лубнон бо 62 мушак, ки 20 фарванди он Катюша ва 22 фарванд Курнет аз бурди ҷадид ва 18 мушаки Кернети дигар буд, аҳдоферо дар пойгоҳи Мерун ҳадаф қарор дод. Филме, ки дар ин замина нашр кардем, ҳамаи ҳақиқатро нишон намедиҳад.

Амалиёти Ҳизбуллоҳ дар пойгоҳи Мерун талафоти инсонӣ барои саҳюнистҳо дошт

Вай тасреҳ кард, иттилооти вижае дорем, ки нишон медиҳад амалиёти муқовимат дар пойгоҳи Мерон бо талафоти инсонӣ барои саҳюнистҳо ҳамроҳ буда ва дар филм мушаххас аст, ки душман дурӯғ мегӯяд ва саъй дар пинҳонкорӣ дорад. Мо ҳамеша омори шаҳидони худро бо иззат ва ифтихор эълон мекунем, аммо душмани ишғолгар теъдоди кушташудагон ва хисоратҳо ва шикастҳои худро пинҳон мекунад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома ба таҳдидҳои пӯчи ишғолгарон ва амрикоиҳо алайҳи муқовимат ишора ва эълон кард, амрикоиҳо Лубнонро таҳдид карданд, ки агар мутаваққиф нашавед (амалиётҳои худро мутаваққиф накунед) Исроил ба Лубнон ҳамла мекунад. Ман мегӯям, ки ин таҳдидҳои беҳуда фоидае надорад. Онҳо бо нерӯҳои шикастхӯрда ва хаста ва ваҳшатзадаи худ дар шимоли Ғазза моро таҳдид мекунанд. Ба онҳо мегӯем, ки бифармоед хуш омадед! Артиши Исроил замоне, ки солим ва муҷаҳҳаз буд дар ҷанги июл муқобили размандагони мо аз ҳам пошид.

Оромиш дар ҳамаи ҷабҳаҳо вобаста ба таваққуфи таҷовузҳо алайҳи Ғазза аст

Вай тасреҳ кард, касе, ки аз бояд аз ҷанг битарсад ва аз он ҳам метарсад, Исроил ва кобина ва шаҳракнишинони ин режим ҳастанд. Мо аз 99 рӯзи қабл вориди ҷанг шудем ва ҳамвора омодаем ва аз ҳеҷ чиз наметарсем ва бидуни дар назар гирифтани ҳеҷ қоидае ва ба шакли номаҳдуд меҷангед. Исроил муваффақ ба аз байн бурдани иқтидор Ҳамос дар Ғазза нашуд ва ҳамаи манотиқи шимоли Ғазза, ки тахлия шуда буданд, дар ҳоли ҳозир таҳти сайтараи Ҳамос ҳастанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард, Амрико, ки иддао мекунад нигарони Лубнон аст, биравад нигарони пойгоҳи худаш яъне Исроил бошад. Мавзеи мо дар ҷабҳаи Лубнон барои ҳимоят аз Ғазза собит буда ва ҳадаф аз ин мавзеъ, таваққуфи таҷовузҳо алайҳи Ғазза аст. Пас ибтидо бояд таҷовузҳо алайҳи Ғазза мутаваққиф гардад ва баъд аз он дар бораи ҷабҳаи Лубнон сӯҳбат мекунем. Ҳамаи таҳаввулоти минтақа вобаста ба таваққуфи таҷовузҳо алайҳи Ғазза буда ва в таҷовузҳо алайҳи Ғазза бояд мутаваққиф гардад.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт, амнияти Дарёи Сурх ва оромиш дар ҷабҳаи Лубнон ва Ироқ вобаста ба таваққуфи таҷовузҳо алайҳи Ғазза аст. Ибтидо таҷовуз ба Ғаззаро мутаваққиф кунед ва баъд аз он дар бораи дигар масъалаҳо сӯҳбат мекунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад