Ҳамкории Чин бо Афғонистон барои решакан кардани бемории фалаҷи атфол

Муовини бахши ҳамкориҳои байналмилалии идораҳои давлатии Чин дар дидор бо сафири ҳукумати Толибон дар Пекин таъкид кард, ки ин кишвар барои нобудии бемории “фалаҷи атфол” дар Афғонистон бо ин гуруҳ ҳамкорӣ кунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ли Минг, муовини бахши ҳамкориҳои байналмилалии идораи давлатии Чин (CIDCA) дар дидор бо Асадуллоҳ Билол Каримӣ, сафири Толибон дар Пекин гуфт: Ин кишвар илова бар кумак ба муҳоҷирони бозгаштаи Афғонистон, барои мубориза ва нобудии бемории “фалаҷи атфол” бо гуруҳи Толибон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Каримӣ аз талоши ин созмони давлатӣ дар ростои мубориза бо фалаҷи атфол дар Афғонистон қадрдонӣ ва таъкид кард, ки дар ин замина, бо идораҳои марбутаи Толибон ҳамоҳангӣ мекунад.

Гуруҳи Толибон пас аз султа бар Афғонистон ва аз нахустин рӯзҳои ба дастгирифтани қудрат, ба созмонҳои байналмилалӣ ва Вазорати беҳдошти Толибон иҷоза доданд, ки тазриқи саросарии ин ваксинаро оғоз кунанд.

Созмони Беҳдошт Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки аз замони султаи ин гуруҳ, ҳудуди 10 миллион кӯдак алайҳи фалаҷи атфол ваксина шудаанд, ки корзорҳои тазриқи ваксина қаблан ба 3.5 миллион тан аз онон дастрасӣ надоштанд . Бо ин ҳол бар сари роҳи ваксина кардан  дар Афғонистон ҳамчунон мавоние вуҷуд дорад.

Фалаҷи атфол дар ҳоли ҳозир танҳо дар ду кишвари Афғонистон ва Покистон решакан нашудааст. Ин вирус умуман дар шимоли Покистону манотиқи Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ ва манотиқе дар канори марз бо Афғонистон ва ҳамчунин дар устонҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон, ҳам ҷавори марзи Покистон, мушоҳида мешавад.

Соли 2023 дар Покистон низ токунун як мавриди ибтило ба фалаҷи атфол гузориш шудааст; дар ҳоле, ки дар соли 2022, теъдоди 20 мавриди ибтило сабт шуда буд. Дар соли 2021 як маврид ва дар соли 2020, ҳудуди 85 мавриди мубтало дар Покистон мушоҳида шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад