Афзоиши 60 дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Олмон дар соли 2023

Муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Олмон дар як соли гузашта ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфта ва ба 183 миллион доллар расидааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Завқӣ Зовқизода” вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо “Йорк Шугграф” сафири Олмон дар кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Завқӣ Зовқизода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати кишвар дар суханоне хотирнишон кард: «Душанбе» барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Олмон аҳамияти зиёде қоил аст.

Гуфтнӣ аст ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Олмон сол ба сол дар ҳоли тавсеа аст. Мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар дар як соли гузаштаи мелодӣ 60 дарсад афзоиш ёфт ва ба сатҳи 183 миллион доллар расид.

Дар чорчуби ин дидор ду тараф дар мавриди заминаҳои аввлавиятдори ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷазби сармоягузориҳои билоиваз барои иҷрои стратегияи тавсеаи иқтисоди сабзи Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва барномаҳои иқтисодии диҷитол, эҷоди зарфиятҳои ҷадиди тавлиди таҷҳизоти электироникӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин иҷрои барномаҳо барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии балоёи табиӣ баҳс ва табодули назар шуд.

Илова бар ин, тарафайн зимни баррасии масоили афзоиши содирот аз Тоҷикистон, омӯзиш, беҳдошт ва дармон ва гардишгарӣ дар мавриди густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ибрози омодагӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад