Аз ҳалли муноқишоту барқарории субот дар минтақа ҳимоят мекунем

Намояндаи маҷлиси кишвар бо эъломи ҳимояти Тоҷикистон аз ҳаллу фасли ҳамаи муноқишоту барқарории субот дар минтақа, таъкид кард: Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки роҳи ҳалли рафъи мушкили Фаластинро бо ҷиддият пайгирӣ кунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Саидмуроди Самад дар нишасти изтирории Кумитаи Фаластин Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки субҳи чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор шуд, бо маҳкумияти инфиҷори террористӣ дар Кирмон бо баёни инки “Тоҷикистон аз ҳаллу фасли ҳамаи муноқишоту барқарории субот дар минтақа ҳимоят мекунад”, изҳор кард: Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки роҳи ҳалли рафъи мушкили Фаластинро бо ҷиддият пайгирӣ кунад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба кушта шудани мардуми Фаластин дар ҷараёни ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, гуфт: Мо бояд аз мардуми Фаластин барои таваққуфи сареътари ин вазъият ҳимоят кунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад