Имзои санади хоҳархондагии Теҳрону Душанбе

Санади иҷрои ҳамкориҳои хоҳархондагии Теҳрон ва Душанбе бо ҳузури шаҳрдорони пойтахтҳои Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд.

Маросими имзои барномаи ҳамкорӣ ва санади иҷроӣ хоҳархондагии миёни шаҳри Теҳрон ва Душанбе дирӯз сешанбе 9 январи соли 2024 бо ҳузури Алиризо Зоконӣ шаҳрдори Теҳрон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва раиси маҷлиси миллӣ дар маҳали бурҷи Мелод пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Бо тавваҷуҳ ба тафоҳуми хоҳархондагии ду шаҳри Теҳрон ва Душанбе ки аз гузашта мунъақид шуда буд дар маросими дирӯз санади иҷрои ин хоҳархондагӣ барои ҳамкориҳои иҷроӣ дар 12 меҳвар ба имзо расид.

Ҳушмандсозӣ, хадамоти шаҳрӣ, умрон, шаҳрсозӣ, ҳамлунақл ва мудирияти трафик ва омӯзиш дар ҳавзаҳои манобеи инсонӣ, мудирияти буҳрон ва оташнишонӣ аз ҷумлаи меҳварҳои ташкилдиҳандаи ин санади иҷроӣ аст.

Дар ин маросим Маҷиди Боқирӣ муовини барномарезӣ, рушди сармояи инсонӣ ва умури шурои шаҳрдории Теҳрон, Муҳаммадамин Таваккулизода, муовини умури иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрдории Теҳрон, Наргиси Маъданипур, Раиси Камиссиюни фарҳангӣ ва иҷтимои шурои исломии шаҳри Теҳрон, Муҳсини Пирҳодӣ, намояндаи мардуми Теҳрон дар маҷлиси шурои исломӣ ва ҷамъии дигар аз мудирони шаҳрии ду шаҳри Теҳрон ва Душанбе низ ҳузур доштанд.

Бар асоси гузориши пойгоҳи хабарии шаҳр Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ҳайати ҳамроҳи ишон пеш аз маросими имзои тафоҳуми ҳамкории шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе боздиди аз бахшҳои мухталифи бурҷи мелод ва расадхонаи шаҳрии Теҳрон воқеъ дар маҷмаъаи бурҷи Милод доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад