Истиқболи Қолибоф аз Рустами Эмомалӣ дар сафар ба Теҳрон

Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар раъси ҳайати баландпояи парлумонӣ вориди Теҳрон шуда буд, дақоиқе қабл бо вуруд ба Баҳористон мавриди истиқболи расмии Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси маҷлиси Шӯрои исломӣ қарор гирифт.

Дар идомаи маросими расмии дидор, имзои ёддошти тафоҳумномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумонӣ  ва ташкили нишасти ҳайатҳои дуҷонибаи руасои маҷолиси Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин маросим Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси Миллии Тоҷикистон ёддошти тафоҳумномаи ҳамкориҳои парлумониро ба имзо расонда ва табодул карданд.

Ҳадаф аз имзои ин тафоҳумнома, тавсеаи равобити парлумонӣ миёни маҷолиси Эрон ва Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад