Вазорати иттилооти ҶИЭ: як фарди амалиёти террористии Кирмон шаҳрванди Тоҷикистон аст

Вазорати иттилооти ҶИЭ дар иттилоияе дар бораи ҷинояти террористии Гулзори Шуҳадои Кирмон, аҳ тоҷикистонӣ будани яке аз террористҳо хабар дод.

Рӯзи 3-юми январ ва дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид, Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии ҶИЭ ва дар масири Гулзори Шуҳадои Кирмон, ҷануби Эрон ду амалиёти интиҳорӣ(маргталабона), ки гурӯҳаки террористии ДИИШ масъулияти онро пазируфт, дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 89 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд ва ҳоли бархе аз захмиён ҳам вахим гузориш шудааст.

Дар пайи вуқӯъи ин ҷиноят ва бо дастури раисони қувваҳои муқаннана (қонангузор), муҷрия (иҷроия) ва қазоияи Эрон, пайгири дастгирии омилон ва омирони ҷинояти террористии Кирмон дар дастури кори неруҳои амниятии Эрон қарор гирифт.

Равобити умумии Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоияе дар бораи амалиёти террористии Кирмон зимни маҳкумияти ин ҷиноят ва ибрози таасуф ва таслияти шаҳодати ҷамъе аз шаҳрвандони эронӣ ва бо ишора ба баррасиҳои амиқи иттилоотии неруҳои амниятии Эрон эълон кард: Аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ, як нафар миллияти тоҷикистонӣ дошта ва ҳувияти террористи дувум ҳанӯз ба таври қатъӣ маълум нашудааст.

ҶИЭ
Террорист, ки шаҳрванди Тоҷикистон эълон шудааст

Тасвир пас аз инфиҷор

Дар идомаи иттилоияи равобити умумии Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба инки иқоматгоҳи мавриди истифодаи ду террорист дар атрофи шаҳри Кирмон шиносоӣ ва низ 2 унсури пуштибонӣ ва таъминкунандаи иқоматгоҳи мазкур шиносоӣ ва боздошт шуданд, омадааст: Дар идомаи амалиёт 9 нафар аз шабакаи пуштибонии тими террористӣ ва муртабитин он дар 6 устони Эрон шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Дар иттилоияи Вазорати амнияти ҶИЭ бо таъкид бар инки амалиёти шиносоии муттаҳамон то боздошти охирин фарде, ки ба ҳар шакл ва ба ҳар андоза дар пуштибонӣ аз ҷинояткорони мавриди назар дахолат доштааст, идома хоҳад ёфт, тасреҳ шудааст: “Ҳузури густардаи миллати шарифи Эрони исломӣ дар идомаи гирдиҳамоиҳоии бузургдошти сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва низ дар маросими ташйиъи шаҳидон ва маҳкумияти шадиди он иқдоми кӯри террористӣ, ҳамчун ҳамеша беасаркунандаи фитнаҳо ва тавтеаҳои душманон, аз ҷумла муздурони диишӣ ва диишсозони амирикоӣ ва саҳюнистӣ буда ва хоҳад буд.

Дар ин баёния қайд шудааст, ки дар идомаи амалиётҳои тафтишонӣ, 9 нафар аз ҳаммаслакону пуштибонҳои тими террористӣ дар 6 устони кишвар шиносоӣ ва боздошт шудаанд.

ДИИШ ба генерал Сулаймонӣ кинаи дерина дошт. Фармондеҳи Сипоҳи Қудс як муҳраи муҳим дар сиёсати тавсиаталабиҳои Эрон дар Ховари Миёна ба шумор мерафт ва аз нафароне буд, ки дар ҳифзи давлату ҳокимияти президенти Сурия Башор Асад ва саркӯби нирӯҳои ДИИШ дар Сурияву Ироқ нақши бисёр калидӣ дошт. Аз ҷумла бовар меравад, ки маҳз генерал Сулаймонӣ дар вақташ президенти Русия Владимир Путинро барои мудохила дар буҳрони Сурия ва ирсоли нирӯ ба он кишвар мутақоид сохта буд. Нирӯҳои Русия низ дар Сурия ба ҳимоят аз Башор Асад меҷанганд.

Ба болои ин, қабл аз инки аз ҷониби Амрико дар фурӯдгоҳи Бағдод террор шавад, Қосим Сулаймонӣ ба раҳбарии рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар бораи комилан тамом шудани кори ДИИШ дар Ховари Миёна ҳисобот дода буд.

Лозим ба гуфтан аст, ки дар гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамалҳои террористии дигаре дар хоки Эрон анҷом додаанд. Он ҳамлаҳо низ аз номи ДИИШ анҷом шуда буд. Аз ҷумла 26-уми октябри соли 2023 Комрони Субҳон, ки 23 сол дошт ва аз Ҳисори Тоҷикистон буду бо тахаллусҳои Ҳомиди Бадахшонӣ ва Абӯ Оиша дар байни ҷангҷӯён маъруф будааст, ба “Шоҳчароғ”,  як мазори муқаддас дар шаҳри Шероз ворид шуда, ба сӯи зоирон тир кушод. Дар натиҷаи он ҳамла 13 нафар шаҳид ва 27 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Комрони Субҳон ба даст афтод, вале чанд рӯз баъд  бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони Шероз ҳалок шуд.

Ҳамчунин рӯзи 13 августи соли 2023 ДИИШ ба нишони интиқом ба судури ҳукми қатли шарикони Комрони Субҳон ба мазори Шоҳчароғ ҳамлаи дуюмро сурат дод, ки ду шаҳид ва 7 захмӣ ба ҷо гузошт. Бо ҷурми даст доштан дар ин ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов алакай моҳи сентябри соли 2023 ба ду ҳукми қатл маҳкум шуд.

Наврузов баёнот дода буд, ки ба Ӯ амр дода буданд, ки рӯзи ҳамла бо худ ду бакляжка, яъне зарфи пур аз бензин бигирад, вале Ӯ бо худ дар борхалтааш ҳамагӣ як зарфи якунимлитрии бензин дошт. Ба болои ин, Ӯро ҳанӯз то замоне, ки қолинҳои мазори Шоҳчароғро бензин рехта, оташ бизанад, дастгир карданд.

Пас аз баррасиҳои амниятӣ аз ҷониби ҶИЭ, эълон шуд, ки Раҳматулло Наврӯзов бо худ як автомат бо 8 магазини иборат аз 240 тир дошт, вале то лаҳзаи боздошташ тавонист, ки болои зоирон ҳамагӣ 11 тир холӣ кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба изҳороти гурӯҳи терроирстии ДИИШ, пас аз ба уҳда гирифтани амалиёти террористӣ дар Кирмон ва таъкид бар идомаи амалиёти террористӣ дар қаламараи ҶИЭ, ба назар мерасад, ки боз ҳам ин гурӯҳ бо ҳимояту пуштибонии кишварҳои ғарбӣ даст ба ҷиноятҳои дигаре хоҳад зад ва шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам, ба вижа Тоҷикистон дар амалиётҳои дигар даст хоҳанд дошт ва ин масъала металабад, ки як ҳамкории ҷиддӣ ва таомули сатҳи олӣ байни ду кишвари Тоҷикистон Эронро ба вуҷуд оварад, то дар партави ниҳодҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, иқдомоти ҷиддӣ дар ҷиҳати пешгирӣ аз иқдомоти талхи оянда анҷом гирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад