Ҷойгоҳи Қудс дар андешаи шаҳид Сулаймонӣ

Меҳвари муқовимат то ҳоло фармондеҳон барҷастаи бешуморе доштааст, ки дар ин роҳ ҷони худро фидо кардаанд; бетардид, яке аз муҳимтарини ин фармондеҳон генерали шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ мебошад.

Меҳвари муқовимат то ҳоло фармондеҳон барҷастаи бешуморе доштааст, ки дар ин роҳ ҷони худро фидо кардаанд; бетардид, яке аз муҳимтарини ин фармондеҳон шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ мебошад.

Дар чаҳорумин солрӯзи шаҳодати Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ҳоло идома дорад ва ҳанӯз нишонае бар пирӯзии саҳюнистҳо дар ин ҷанг дида намешавад. Савол ин навишташ дар он хулоса мешавад, ки шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ чӣ нақше дар масъалаи Қудс дошта ва чигуна ба қудратманд шудани муқовимати Фаластини кумак расонадааст?

 Нигоҳи шаҳид Сулаймонӣ ба масъалаи Фаластин

Баррасии бархе аз изҳорот ва рафторҳои Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ нишон медиҳад, ки сардори фақиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони ҶИЭ ба масъалаи Фаластин нигоҳи эътиқодӣ доштааст. Ба ҷиҳати эътиқодӣ, сардор Сулаймонӣ дифоъ аз Фаластинро яке аз ҷилваҳои дифоъ аз Ислом ва ҳамчунин инқилоби исломии Эрон медонист. Шаҳид Сулаймонӣ бар ин бовар буд, ки дифоъ аз Фаластин дар зумраи ормонҳои инқилоби исломӣ ва пешвоёни ин инқилоб аст ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ҳам ҳамсӯ бо ормонҳои инқилоби исломи Эрон иқдом мекунанд. Ҳоҷӣ Қосим изҳор дошта буд, ки Фаластин хатти муқаддами мо ва ҳамаи ҷаҳони Ислом аст. Дар номае ба Абухолид, фармондеҳи кулли гурдонҳои Иззуддин Қассом (бахши низомии Ҳамос) навишт: “ҳар касе нидои фаластиниҳоро бишинавад ва ба ёрии онон нашитобад, мусулмон нест.” Сардор Сулаймонӣ ҳимоят аз Фаластинро аз ҷилваҳои воҷиби динӣ низ медонист. Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар як суханронии худ дар бораи роҳбурди ҶИЭ дар бораи Фаластин гуфт: “мо ба хотири як ҷараён ба Фаластин кумак намекунем, балки ҳимояти мо аз мардуми Фаластин ба сабаби анҷоми вазифаи динӣ ва инқилобӣ ва муқобила бо режими саҳюнистӣ аст.” Сардор Қосим Сулаймонӣ дар номае ба Муҳаммад Зайф, фармондеҳи фаластинӣ, ки ин рӯзҳо ба ҳидояти амалиёти Тӯфони Ақсо машғул аст, навишта буд: “ҳама мутмаин бошанд, ки Эрон Фаластинро ҳар андоза, ки фишорҳо бештар шавад ва таҳримҳо ташдид шавад, танҳо намегузорад. Дифоъ аз Фаластин ифтихоре барои мо мебошад ва аз ин вазифаи чашмпушӣ нахоҳем кард. Дӯстони Фаластин, дӯстони мо ҳастанд ва душманони Фаластин душманони мо ҳастанд ва ин сиёсати мо буда ва хоҳад буд. Дифоъ аз Фаластин, дифоъ аз Ислом аст ва ҳар кас нидои шуморо бишинавад ва таваҷҷуҳе накунад, мусулмон нест.”

 Иқдомоти амалиётии шаҳид Сулаймонӣ дар масъалаи Фаластин

Аз нигоҳи амалиётӣ, шаҳид Сулаймонӣ нақши муҳиму пурранге дар дифоъ аз Фаластин ва рушди қудрати боздорандагии гурӯҳҳои фаластинӣ дар мубориза бо режими ишғолгари Қудс дошт. Зиёд Нухола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин мегӯяд: “қудрат ва имконоте, ки имрӯз Ғазза ба он даст ёфтааст, натиҷаи талошҳои бузурги шаҳид Сулаймонӣ аст.” Ҷанги 22-рӯза яке аз рухдодҳое аст, ки Ҳоҷӣ Қосим ҳимояти амалӣ аз фаластиниҳо дошт. Муҳимтарин иқдоми сардор Сулаймонӣ дар ҷанги 22-рузаро метавон расондани таҷҳизоти низомӣ ба фаластиниҳо ва шикасти муҳосираи Ғазза донист. Аҳмад Абдуллоҳ Ҳодӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин аз сафарҳои зиёди сардор Сулаймонӣ ба Ғазза ва тарроҳии нақшаи дифоъ дар баробари Исроил гуфт. Усома Ҳамдон узви аршади ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳам бо ишора ба нақши шаҳид Сулаймонӣ дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин дар ҷанг 22-рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, гуфт: “шаҳид Сулаймонӣ дар ҷараёни ин набард лаҳза ба лаҳза бо муқовимати Фаластин ҳамроҳ буд.”

Шаҳид Сулаймонӣ дар убури фаластиниҳо аз дифоъ бо санг ба амалиёти Тӯфони Ақсо нақши пурранге дошт, чароки ба таъбири Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ, “шаҳид Сулаймонӣ дасти фаластиниҳоро пур кард.” Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ин бора мегӯяд: “Амрикоиҳо дар мавриди Фаластин тарҳашон ва нақшаҳояшон ин буд, ки масъалаи Фаластинро ба фаромӯшӣ бисупоранд; фаластиниҳоро дар ҳолати заъф нигаҳ доранд, ки ҷуръати дам задан аз муборизаро надошта бошанд. Ин мард, дасти фаластиниҳоро пур кард; коре кард, ки як минтақаи кӯчак, як ваҷаб ҷо мисли Навори Ғазза, дар муқобили режими саҳюнистӣ бо он ҳама иддао меистад, коре ва балое сари онҳо меовард, ки онҳо сари 48 соат хостори оташбас мешаванд; инҳоро Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ анҷом додааст. Ин чизе аст, ки бародарони фаластинии мо борҳо пеши худи ман гуфтаанд. Албатта ман медонистам, аммо онҳо ҳам омаданд пеши мо шаҳодат доданд.”

 Озодии Қудс; ҳадафи ниҳоии шаҳид Сулаймонӣ

Пирӯзии инқилоби исломии Эрон мусодиф бо эҳёи масъалаи Фаластин буд, масъалае, ки дар охирҳои даҳаи 1970 мелодӣ бо созиши кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ ҳамроҳ шуд ва навъе ноумедӣ барои мубориза бо режими саҳюнистӣ дар миёни кишварҳои арабӣ ҳоким шуда буд. Инқилоби исломии Эрон масъалаи Фаластинро эҳё кард. Имом Хумайнӣ, бунёнгузори фақиди инқилоби исломии Эрон дар яке аз аввалин ибтикорҳои сиёсати хориҷӣ, охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазонро дар дифоъ аз масъалаи Фаластин “Рӯзи ҷаҳони Қудс” номгузорӣ кард, ки ин ибтикори таърихӣ сабаби эҳёи масъалаи Фаластин ва сабаби шаклгирии ҳаракатҳои хурду калони муқовимат дар минтақаи ғарби Осиё барои мубориза бо режими ишғолгари Қудс шуд.

Дар масъалаи аҳамият Қудс дар андешаи шаҳид Сулаймонӣ бояд ба ин нуктаи асосӣ ишора намуд, ки Ҳоҷӣ Қосим мӯътақид буд ҳадафи ниҳоии меҳвар муқовимат, озодии Қудси шариф аст ва ин нигоҳ ба тамоми аркони ин ҷабҳаи муқаддас ҳам сироят карда буд. Сардор шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ мӯътақид буд, ки дар Эрон ду рӯзи миллӣ дорем, ки мардум якпорча ба хиёбонҳо меоянд; яке рӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эрон ва дигарӣ Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст. Бадеҳӣ аст, ки муборизаҳои шаҳид Сулаймонӣ ормон дошт ва он ормон ҳам озодии Қудс аз ишғоли саҳюнистҳо буд. Носир Абӯшариф, намояндаи ҷиҳоди исломии Фаластин дар ин бора изҳор дошт: “Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар ҳар куҷо қарор дошт, ҳадафи ниҳоии Ӯ Қудси шариф буд, агар дар Ироқ буд ё Сурия ба Қудс меандешид ва охирин ҳадафаш озодии Қудс буд.” Бар асоси ҳамин нигоҳе, ки сардор фақид ба масъалаи Қудс дошт, аз вай бо унвони “шаҳиди Қудс” ёд мешавад ва шиори имсоли ҳафтаи муқовимат ҳам “шаҳид-ул-Қудс” номгузорӣ шуд. Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар маросими ҷанозаи сардори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш дар Теҳрон изҳор карда буд: “фармондеҳ шаҳид Сулаймонӣ ҳамаи зиндагии худро дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз Фаластин гузошта буд ва ман ҳам эълон мекунам, ки ин фармондеҳи бузург, шаҳиди Қудс аст.”

Натиҷа

Меҳвари муқовимат токунун фармондеҳони барҷаста ва зиёде доштааст, ки бо тамоми талошҳо ва хидматрасониҳояш, ҷони худро дар роҳи ормонҳои бузургашон фидо кардаанд. Бетардид, яке аз муҳимтарини ин фармондеҳон шаҳид Қосими Сулаймонӣ буд. Далели ин аҳамият фақат нақши майдонӣ ва амалиётии ин фармондеҳи фақиди нерӯи Қудси Сипоҳи ҶИЭ нест, балки эҷоди ин бовар дар меҳвари муқовимат аст, ки масъалаи Фаластин, як масъалаи миллӣ ва қавмӣ нест, балки масъалаи динӣ ва мазҳабӣ аст ва ҳадафи ниҳоии ҳаракатҳои муқовимат ҳам бояд озодии Қудс бошад. Ва ҳамин андешаву ормони калони Ӯ, яке аз далелҳои террор шудани Ӯ тавассути давлати Амрико бо ҳамдастии режими саҳюнистӣ буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад