Арабистон дар соли гузашта 170 нафарро эъдом кардааст

Арабистони Саудӣ дар соли 2023 мелодӣ 170 нафарро эъдом карда, ки дар муқоиса бо соли қабли он шумори эъдомшудагон афзоиш ёфтааст.

Арабистони Саудӣ дар соли 2023 мелодӣ 170 нафарро эъдом карда, ки дар муқоиса бо соли қабли он шумори эъдомшудагон афзоиш ёфтааст.

Бо таваҷҷуҳ ба эъдоми ин теъдод аз афрод, дар муқоиса бо соли 2022 мелодӣ, ки 147 нафар дар Арабистони Саудӣ эъдом шуда буданд, шумори эъдомшудагон дар ин кишвар дар соли 2023 афзоиш ёфтааст.

Фаъолони ҳуқуқи башари ҳамвора бар ин кишвар интиқод карда ва татбиқи шадиди муҷозот дар Арабистонро накӯҳиш кардаанд.

Бар асоси гузориш Фронспрес, ки бар бунёди омори ироашуда аз сӯи мақомоти Арабистон таҳия шуда, ин кишвар дар соли 2019 мелодӣ 187 нафарро эъдом карда буд.

Дар миёни афроде, ки дар ҷараёни соли 2023 дар Арабистон эъдом шуданд, 33 нафар ба хотири иртикоби ҷиноятҳои муртабит ба терроризм ва ду сарбоз муттаҳам ба хиёнат шомил буданд.

Фақат дар моҳи декабри соли 2023 мелодӣ 38 нафар дар Арабистон эъдом шуданд. Гуфта шуда, ки чаҳор нафар аз эъдомшудагон дар охирин рӯзи сол гузашта эъдом шудаанд. Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ гузориш додааст, ки чаҳор нафаре, ки шаби соли нав эъдом шуданд, ба ҷурми “қатл” маҳкум ба ҷазои марг шуда буданд.

Ин кишвар замоне бо мавҷе аз маҳкумияти ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуд, ки 81 нафарро дар як рӯз дар моҳи марти соли 2022 эъдом кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, талош дорад то чеҳраи Арабистонро ба ҷаҳон хуб ҷилва диҳад; аммо диктаторӣ ва набуди системаи интихобот саркӯби ақаллиятҳо аз муҳиммтарин чолиш дар ин кишвари нефтхез аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад