Паёми солинавии Ал-қоида барои ғарбиҳо

Ҳамзамон бо оғози соли нав гурӯҳи Ал-қоида навореро нашр кард, ки дар он ҳадафҳои ғарбӣ ва яҳудӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ таҳдид мешаванд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, якчанд мансабдорони федералии Амрико, аз ҷумла Маъмурияти Амнияти Нақлиёт (TSA) ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Fox News гуфтанд, ки онҳо аз видеои Ал-қоида огоҳанд ва вазъро назорат мекунанд.

Ҳамзамон бо оғози Соли нав ва таҷлилҳои гурӯҳӣ аз ҷониби мардум дар шаҳрҳои асосӣ, Идораи Амнияти Нақлиёт дар Амрико дар баёнияе эълом кард: Мо аз таҳдиди ҷиддии ин навор огоҳ нестем, аммо дар ҳолати омодабош ҳастем.

Навори аслӣ рӯзи 4 декабр, дар рӯзи Мавлуди Исо (а) нашр шуд, ки афзоиши ҳамлаҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Амрико, Бритониё ва Фаронсаро эълон кард.

Бар асоси ин гузориш, Ал-қоида ба баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла American Airlines, United Airlines, Delta Airlines, British Airways, EasyJet, Air France ва KLM Royal Dutch Airlines таҳдид кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад