Коҳиши ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд 539 млн долларро ташкил дод, ки 17% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, савдои дуҷониба бо Қазоқистон 20%, Ӯзбекистон – 10,3%, Туркманистон – 13,5% ва Қирғизистон – 21,7% кам шудааст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар минтақа Қазоқистон боқӣ монда, ҳаҷми савдои дуҷониба бо он дар зарфи 11 моҳ беш аз 1 млрд долларро ташкил додааст.

Дар зинаи дуюм Ӯзбекистон қарор дошта, ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва ин кишвар дар ин давра зиёда аз 450 млн долларро ташкил додааст. Қобили зикр аст, ки дар давраи сари қудрат будани Шавкат Мирзиёев коҳиши гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бори аввал ба мушоҳида мерасад.

Савдои дуҷониба бо Туркманистон давоми моҳҳои январ ноябр ба зиёда аз 40 млн доллар баробар шуда, бо Қирғизистон дар сатҳи номуносиб бо ҳамсояҳо – то 10 млн доллар поин рафтааст.

Ёдрас мекунем, ки сарҳад бо Қирғизистон бо ташаббуси ин кишвар аз моҳи майи соли 2021 пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздимарзӣ баста боқӣ мемонад. Савдо байни кишварҳо дар ҳаҷмҳои начандон зиёд тариқи кишварҳои сеюм сурат мегирад.

Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-ноябри соли равон ҳудуди 6,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 2,2 млрд доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Аз ҷумла, беш аз 1,6 млрд ба содирот ва зиёда аз 5,1 млрд доллар ба воридот рост меояд.

Тавозуни манфии гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон (зиёд будани воридот нисбат ба содирот) аз 2,4 баробари ҳамин давраи соли 2022 то 3,1 баробар поин рафт.

Таҳлилгарони байнулмилалӣ инро ба коҳиши содироти маҳсулот аз Тоҷикистон бар асари “таваққуф дар интиқоли тилло ба бозорҳои беруна, инчунин коҳиши содироти металлҳои арзон ва маҳсулоти минералӣ” вобаста медонанд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 119 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (22% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (19,6%) ва Қазоқистон (15,3%) дониста мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад