Тазоҳуроти мусулмонони Тайланд барои ҳимоят аз Фаластин

Мардуми мусулмони минтақаи Патани дар Тайланд дар тазоҳуроте бо маҳкумияти ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза, ҳимояти худро аз Фаластин эълом карданду хостори поён додан ба ҷанг шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс,  Дар ин тазоҳурот мусулмонони Тайланд бо ибрози безорӣ аз ҷиноятҳои даҳшатноки Исроил дар Ғазза ва куштори чанд ҳазор марду зан ва кӯдаки бегуноҳи мазлум, бар зарурати муҳокима ва муҷозоти сарони Исроил таъкид карданд.

Тазоҳуроткунандагон ҳамчунин бо шиорҳое ҳамчун марг бар Амрико ва марг ба Исроил аз ҷомеаи байналмилал ва сарони кишварҳои арабӣ хонстанд то дар баробари ҷиноятҳои даҳшатноки режими саҳюнистӣ сокит намонанд.

мардуми мусулмони минтақаи Патании Тайланд бо тазоҳуроте, ки аз Маркази шаҳр то Маркази исломии ин шаҳр тартиб дода буданд, хоҳони таваққуфи ҷангу ҷиноятҳои Исроил бар алайҳи мардуми мазлуми Фаластин шуданд.

Дар баёнияи поёнии ин роҳпаймоӣ эълом шуд: “Чизе ки мо айни замон шоҳиди рух додан дар Ғазза ҳастем ҷиноят бар алайҳи башарият мебошад. Режими саҳюнистӣ об, барқ, ғизоро бар рӯи ин мардум қатъ кардааст ва мо мусулмонони Тайланд бо тамомии ин ҷиноятҳо мухолиф ҳастем ва ҳар касе ҳам, ки аз ин иттифоқот нороҳат нашуда бояд ба эҳсосоти инсонии худ шак кунад.”

Фаластин

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад