Баргузарии конфронси байналмилалии Эрон дар бораи Фаластин

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз баргузарии “Конфронси байналмилалии Теҳрон дар бораи Фаластин” хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар изҳороте дар иртибот бо баргузарии “Конфронси байналмилалии Теҳрон дар хусуси Фаластин, ки имрӯз баргузор хоҳад шуд, эълом кард: “Ин конфронс бо ҳадафи тақвияти ҳимояти байналмилалӣ аз миллати мазлуми Фаластин дар Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ, тақвияти фишорҳо бар режими саҳюнистӣ барои таваққуфи комили ҳамалоти низомӣ алайҳи Ғазза ва рафъи комили муҳосира аз он ва низ таҳаррук бахшидан ба ирсоли кумакҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ барои мардуми Фаластин баргузор мешавад.”

Сухангӯи дастгоҳи дипломасии Эрон афзуд: “Дар ин нишаст як умеди байналмилалӣ, мақомоти олирутбаи давлатӣ, шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, динӣ, андешаварзу расонаии беш аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.”

Канъонӣ баргузории ин нишастро дар чорчуби истимрори талошҳои дипломотики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз муқовимати мардуми мазлуми Фаластин ва Ғаззаи қаҳрамон арзёбӣ кард ва изҳор дошт: “Таваққуфи фаврии ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушии режими нажодпарасти саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин, мутолибаи ҳамаи ҳаққи талабон, адолатхоҳону виҷдонҳои бедори башарӣ дар саросари ҷаҳон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад