Вокуниши толибон ба суханони ахири сафири Русия дар Тоҷикистон

Сухангӯии ҳукумати толибон таъкид кард, ки мавқеи толибон дар бораи истифода нашудан аз хоки ин кишвар алайҳи кишварҳои дигар равшан аст.

Сухангӯии ҳукумати толибон таъкид кард, ки мавқеи толибон дар бораи истифода нашудан аз хоки ин кишвар алайҳи кишварҳои дигар равшан аст.

Ба гузориши манбаъ:

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи расмии ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибон дар вокуниш ба суханони ахири сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи ноамн будан марзҳои Афғонистон тасреҳ кард, ҳукумати толибон ҳаргиз иҷоза намедиҳад шахс ё гуруҳе аз хоки Афғонистони алайҳи кишваре истифода кунад, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.

Оқои Муҷоҳид гуфт:

“Чунин гуруҳҳое, ки алайҳи кишваре иқдом кунанд, дар Афғонистон надорем”.

Ёдовар мешавем, ки ахиран хабаргузории ТАСС Русия дар гузорише ба нақл аз Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон навишт, гурӯҳҳои террористӣ имсол борҳо талош кардаанд аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон нуфуз кунанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфта буд, ки ҳуҷуми муҳоҷирони афғон аз Покистони яке аз иллатҳои бесуботӣ дар шимол Афғонистон хоҳад шуд.

Чанде пеш раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ ба 6500 нафар расидааст.

Ба гуфтаи оқои Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо – то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Мавсуф гуфт:

“Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии “Давлати исломӣ”* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд”.

Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад