Ҳамкории Олмон дар сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Тоҷикистон

Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи Олмон тавофуқномаеро дар заминаи ироаи кумаки билоивази молӣ барои такмили сохти як нерӯгоҳи барқӣ обӣ дар «Бадахшон» имзо карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи Олмон тавофуқномаеро дар заминаи ироаи кумаки билоивази 10 миллион евро барои такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии «Себзор», воқеъ дар вилояти Бадахшон, имзо карданд.

Ин санадро “Завқӣ Завқизода” вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон, “Вероника Карсия Дел Арко” раиси Бонки тавсеаи Олмон барои шарқи Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ва “Андреас Шнайдер” раиси дафтари намояндагии минтақаи Бонки тавсеаи Олмон дар Осиёи Марказӣ ва раиси ширкати “Помир Энержӣ” имзо карданд.

Зарфияти нерӯгоҳи барқӣ обии Себзор 11 мегават аст ва баъд аз роҳандозӣ метавонад беш аз 227 ҳазор нафар дар устони Бадахшони Тоҷикистон ва 468 ҳазор нафар дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон аз хадамоти барқ бархурдор шаванд.

Шоёни зикр аст, ки то ба имрӯз бо ҳимоят давлати Тоҷикистон ва ҷазби сармояи ширкои тавсеа ба вижа Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, ожонси Тавсеаи байналмилалии Амрико, дабирхонаи ҳамкории иқтисодии Швейтсария ва Бонки Ҷаҳонӣ, барои сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Себзор дар маҷмӯъ 84 миллион доллар кумаки билоивази молӣ ҷазб шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад