Мулоқоти намояндаи доимии кишвар бо Муовини якуми Дабири кулли СММ

Дар мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо муовини аввали дабири кулли ин созмон масоили мухталифи ҳамкориҳои ду ҷониба баррасӣ шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ), бо Амина Муҳаммад, муовини якуми дабири кулли ин созмон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масъалаҳои марбут ба ҳадафҳои рушди устувор ва вазъи Афғонистон баррасӣ шуданд.

Дар заминаи масоиле аз қабили об ва тағйири иқлим, ҳамкориҳои ду ҷониба ва аҳамияти иҷрои натоиҷи Конфронси обии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 махсусан таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро барои идома ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар ин замина изҳор доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад