Афзоиши 60 баробарии масоҷиди Русия дар 30 соли гузашта

Муовини раисҷумҳури Русия аз афзоиши 60 баробарии масоҷиди Русия тайи се даҳаи гузашта хабар дод.

Ба гуориши ТоҷикПресс, Магомед Салом Магомедов, муовини раисҷумҳури Русия, тайи суханоне дар 19-умин Маҷмаи байнаалмилалии мусулмонони Маскав гуфт: “Теъдоди масоҷиди ин кишвар дар се даҳаи гузашта 60 баробар шудааст.”

Дар даврони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ, Ислом ҳамроҳ бо соири адён ба шиддат таҳти кантрол буд ва теъдоди руҳониёни ба расмият шинохташуда нисбатан кам буданд.

Пас аз фурупошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ, озодии адён ба як ҳаққи қонунӣ дар Русия табдил ва боиси ҳаёти дубораи Ислом дар канори соири адён ва дар дараҷаи аввал масеҳияти уртудукс шуд.

Магомедов дар ин маҷмаъ гуфт: “Дар соли 1991, фақат 120 масҷид дар Русия фаъолият дошт ва акнун беш аз 7000 масҷид дар Русия вуҷуд дорад.”

Муовини раёсатҷумҳурии Русия ҳамчунин гуфт: “Ҳар сола беш аз 25 ҳазор мусулмони русӣ ба сафари Ҳаҷ мераванд. Вайи афзуд, ки дар кулл 350 ҳазор мусулмон аз Русия дар 30 соли гузашта ин сафари ибодиро анҷом додаанд.”

19-умин Маҷмаи байналмилалии мусулмонон дар Маскав 12 декабр дар масҷиди марказии Маскав баргузор шуд ва теъдоде аз донишмандону шахсиятҳои мазҳабии ҷаҳони Ислом ҳам дар ин маҷмаъ ҳузур доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад