Сенатори амрикоӣ: Вашингтон шарики ҷурми Исроил аст

Сенатори маъруфи иёлати Вермонти Амрико хостори таваққуфи кумаки низомии Вашингтон ба Телавив шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, “Берни Сандерс”, сенатори демократи амрикоӣ имрӯз чаҳоршанбе бо ирсоли як нома ба Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико хостори таваққуфи кумакҳои низомӣ ба Исроил ба далели ҷанги Ғазза шуд.

Дар ин нома бо ишора ба омори болои шумори талафоти ғайринизомиён омадааст: илова бар талафоти боло, мо шоҳиди оворагии густурдаи мардум ҳастем. Ин ҷанг на фақат як фоҷиаи инсонӣ, балки як ҷинояти густурда аст.

Берни Сандерс, дар ин нома хотирнишон кардааст: ин ҷиноёт бо бомбаҳо ва таслиҳоте, ки Амрико тавлид ва ба Исроил арза карда ва бо пули молиёт диҳандагони амрикоӣ таҳия шудааст анҷом мешавад. Мо дар ин куштор шарики ҷирм ҳастем.

Сенатори маъруфи иёлати Вермонти Амрико аз Байден хост аз тарҳи 10 миллиард долларии худ барои кумаки низомӣ ба Исроил ақибнишинӣ карда ва таъкид дорад: ин пул ба давлати Нетаняҳу иҷоза хоҳад дод ба ҳамлаҳои густурда ва бомбаборони бемуҳобои Ғазза идома диҳад.

Вай дар поён аз давлати Байден хост аз талоши Созмони Милал ба манзури эҷоди як оташбаси инсонии фаврӣ дар Ғазза ҳимоят кунад.

Барбара Ли, яке дигар аз қонунгузорони амрикоӣ низ имрӯз бо ишора ба ҷанги хунини Ғазза эълом кард мо бояд ба ин ҳаммоми хун поён бахшем. Ҷонҳои бисёре ба тасмими мо бастагӣ дорад. Ман хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза ҳастам. Аксарияти кишварҳои узви Созмони Милал бо аксарияти мардуми Амрико ҳам ақида ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад