Ҷанги Ғазза сабаби ошноии миллатҳо бо дини Ислом шудааст

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза ва бепаноҳии мардуми ин минтақа дар канори муқовимати мардуми мусулмони Фаластин, бисёре аз миллатҳои дигарро ба хондани Қуръони Карим ва ошноӣ бо Ислом алоқаманд карда ва боиси афзоиши гаравидан ба дини Ислом дар Ғарб шудааст.

Ҷанги Ғазза боис шудааст бисёре аз мардум дар кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Қуръони Карим ва ақоиду боварҳои исломӣ кунҷков шаванд ва ба мутолиаву огоҳ шудан аз ҳақоиқи ин дин, алоқа пайдо кунанд.

Абдуллоҳ Ҳамад Ал-Азрақ, дар матлабе дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Арабӣ-21 навишт: Яке аз мусулмонони Амрико як нусхаи тарҷумашуда аз Қуръонро ба дӯсти худ, ки як баҳрнаварди амрикоӣ аст дод; Он фарди амрикоӣ бо хондани Қуръон фикр кард, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дарёнавард будааст; Ояти 40 сураи Нур таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб карда буд:

أَوْ كَظُلُمَاتٍ فِي بَحْرٍ لُجِّيٍّ يَغْشَاهُ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ سَحَابٌ ظُلُمَاتٌ بَعْضُهَا فَوْقَ بَعْضٍ إِذَا أَخْرَجَ يَدَهُ لَمْ يَكَدْ يَرَاهَا وَمَنْ لَمْ يَجْعَلِ اللَّهُ لَهُ نُورًا فَمَا لَهُ مِنْ نُورٍ

Ё [амалҳояшон] ҳамонанди торикиҳое дар баҳри амиқи паҳновар аст, ки мавҷ онро мепӯшонад; аз болои он мавҷе [дигар] аст, бар фарози он абрест; торикиҳое ки баъзе бар рӯи баъзе [дигар] аст; ҳар гоҳ дасташро берун оварад, наздик аст, ки онро набинад; ва ҳар касро ки Худо нуре барояш қарор надода бошад, пас, барои ӯ ҳеҷ нуре нест.

Вай ҳангоме, ки дӯсти мусулмони худро мулоқот кард, аз ӯ пурсид: паёмбари шумо дарёнавард будааст? Дӯсти мусулмонаш ба ӯ посух дод не! ва ба ӯ гуфт, ки ҳазрати Муҳаммад (с) нависандаи Қуръон набуда ва ин Қуръон ваҳй аз ҷониби Худованд будааст.

Ин посух барои дарёнавард такондиҳанда ва тааҷҷубовар буд. Зеро тавсиферо, ки аз тӯфонҳои дарё дар ояти зикр шуда омадааст танҳо дарёнавард медонанд. Он мард гуфт агар Муҳаммад (с) муаллифи Қуръон нест ва дарё надидааст, ин далел кофӣ аст бар ин, ки Қуръон тавассути холиқи ҳастӣ нозил шуда, ки ҳама чизро медонад; аз ин сабаб ба дини Ислом гаравид.

Ошноӣ бо Қуръон; Далели муҳими гаравидани миллатҳои дигар ба дини Ислом

Дар таҳқиқоте, ки солҳо пеш дар мавриди далоили гароиш ба Исломи уламои масеҳӣ ё умуми ҷомеаи Ғарб анҷом додам ва натиҷаи онро дар мақолаҳое бо унвони: “Наздиктарин мардум дар дӯстӣ” Нашр кардам ба ин натиҷа расидам, ки муҳимтарин далели он “хондани Қуръони Карим” будааст.

Таҳқиқот далоили дигареро ҳам ба ман нишон додааст: “Афродеро мушоҳида кардам, ки фақат ба хотири таъсири азон, Ислом оварданд. Бархе ба далели рафтори хуби мусулмонон бо онҳо ва далоили дигар ба Ислом гаравиданд.”

Бо ин ҳол, хондани Қуръон (ҳатто тарҷума) ошкортарин далел буда ва хондани як ё чанд оят барои гиравидани бархе аз масеҳиёни ғарбӣ ба Ислом кофӣ будааст.

Кат Стивенс, ки баъдҳо исми худро ба Юсуфи Ислом тағйир дод, мусиқидони машҳури инглисӣ аст, ки бедин шуда буд. Рӯзе бародараш, ки тоза аз Байтулмуқаддас омада буд, нусхае тарҷумашуда аз Қуръонро ба ӯ дод, вақте сураи Ихлосро мутолиа кард мусулмон шудани худро эълом кард.

Ҷеффри Лонг, устоди риёзиёти Амрико, ки кофир буд, пас аз хондани тарҷумае аз Қуръон ба Ислом гаравид. Ӯ гуфт чизе, ки ӯро шигифтзада кард ин буд, ки вақте хондани Қуръонро шурӯъ мекард, ҳар андоза бештар мехонд, бештар барои саволҳояш посух меёфт ва ӯ онро як китоби мантиқӣ ёфт.

Дар ҷанги Ғазза, бархе фаластиниҳо, ки аз зери овор берун меоянд ва мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки азизони худро аз даст додаанд, бо имону ризояти комил мегӯянд: Алҳамдулиллоҳ! ин падида бисёре аз ҷавонони ғарбро шигифтзада кард ва дар ҷустуҷӯи сабабҳои он, рози ин муқовимат ва салобатро дар Қуръон ёфтанд ва ҳазорон нафар ба Ислом гаравиданд.

Абдуллоҳ ибни Мансур, раиси созмонҳои исломӣ дар Аврупо ба нақл аз Аҳмад Мансур, муҷрии машҳури Алҷазира мегӯяд дар ин ду моҳ (пас аз ҳамалоти ваҳшёнаи Исроил ба Ғазза) танҳо дар Фаронса бист ҳазор нафар баъд аз хондани Қуръон, ба Ислом гаравиданд ва ҳамин иттифоқ баъд аз 11 сентябр ҳам рух дод.

Худованди Субҳон ба дурустӣ дар ояти 38 сураи Муҳаммад (с) фармуд:

هَا أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تُدْعَوْنَ لِتُنْفِقُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَمِنْكُمْ مَنْ يَبْخَلُ وَمَنْ يَبْخَلْ فَإِنَّمَا يَبْخَلُ عَنْ نَفْسِهِ وَاللَّهُ الْغَنِيُّ وَأَنْتُمُ الْفُقَرَاءُ وَإِنْ تَتَوَلَّوْا يَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُونُوا أَمْثَالَكُمْ

“Огоҳ бошед! Шумо онҳое ҳастед, ки даъват мешавед, то дар роҳи Худо инфоқ кунед; пас, баъзе аз шумо касест, ки бухл меварзад; ва ҳар кас бухл варзад, пас, фақат ба худаш бухл варзидааст; ва Худо бениёз аст ва шумо ниёзмандед; ва агар рӯй гардонед гурӯҳе ғайр аз шуморо ҷойгузин мекунад, ки чун шумо нахоҳанд буд.”

Худованди Мутаол дар ин оят ошкоро баён мекунад, ки агар қадру қимати Ислом ва неъматҳои онро надонистед, мардуми аз шумо беҳтар ва фидокортарро ба ҷойи шумо падид меоварад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад