Бурел хостори афзоиши ҳимояти Аврупо аз Украина шуд

Ҷузеф Бурел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз нишасти вазирони хориҷаи ин иттиҳодия хост пароканда нашаванд ва ба ҳимоятҳо аз Украина идома диҳанд.

Бурел дар гуфтугӯи кӯтоҳе бо хабарнигорон пеш аз вуруд ба нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, гуфт: «акнун замони муносибе барои коҳиши ҳимоятҳои мо аз Украина нест. Балки бояд афзоиш пайдо кунанд».

Бар асоси навиштаи манобеи хабарӣ, давлати Венгрия танҳо кишваре аст, ки ҳамокунун монеи тасвиби ҳаштумин бастаи ҳимояти низомӣ барои Украина ба арзиши 500 миллион евро аз Сандуқи сулҳи Аврупо, – ки бар хилофи номи он барои ҷанг бо Русия масраф мешавад – ва ҳамчунин бастаҳои ҳимоятии низомӣ (20 миллиард евро) ва молӣ (50 миллиард евро) аз соли 2024 то 2027 шудааст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин хабар дод, ки қасд дорад дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин иттиҳодия, дар бораи ироаи тазминҳои амниятӣ ба Украина гуфтугӯ дошта бошад.

Тибқи ин гузориш, Бурел дар ин бора тавзеҳ дод: «мо дар бораи вазъияти тааҳҳудҳои амниятӣ барои Украина баҳс хоҳем кард, ки ман дар ҳафтаи оянда ба Шӯрои Аврупо ироа хоҳам дод. Мо дар бораи инки чигуна иқдом кунем, то ҳимоятамон тақвият шавад, сӯҳбат хоҳем кард».

Вай дар идома изҳор дошт, ки намояндагони дафтари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо пештар ба Киев рафта ва пешниҳодҳои ин иттиҳодия барои тазминҳои амниятиро ба мақомоти Украина ироа карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад