Ҳамкории Душанбе ва Теҳрон дар робита ба офатҳои табиӣ

Дар Душанбе мақомоти Тоҷикистону Эрон масоили марбут ба офатҳои табиӣ ва ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гузориш додааст, ки аз суи раиси ин ниҳод як қатор пешниҳодҳо ба ҷониби Эрон барои ҳамкориҳои байналмилалӣ ироа шудааст.

Рустам Назарзода, раиси КҲФ бо ноиби президент ва раиси созмони банақшагирӣ ва буҷети Эрон Довуд Манзур, ки аз Душанбе дидан кардааст, мулоқот кард.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҷонибҳо аз ҷумла масоили омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони тоҷикиро баррасӣ кардаанд.

Раиси КҲФ ҳамчунин барои беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.

Дар навбати худ Манзур саҳми Тоҷикистонро дар мубориза бо ҳолатҳои фавқулодда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар минтақа низ баҳои баланд дод.

Дар ин чорабинӣ ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистон дар ташкили давраҳои омӯзишӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон аз ҳолатҳои изтирорӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Дар ин мулоқот Рустам Назарзода, раиси КҲФ Тоҷикистон ҳамзамон аз таҳдидҳои иқлим изҳори нигаронӣ кард. Вай таваҷҷуҳро ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ҷалб кард, ки барои тамоми минтақа хатари ҷиддӣ дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад