Мухолифатҳои ҷадид бо узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо

Виктор Орбан; нахуствазири Маҷористон дархост кард ду тасмими калидӣ барои Украина дар бораи ҳимояти буҷети оғози раванди музокироти узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо аз дастури кори нишасти аврупоӣ нимаи декабр хориҷ шавад.

Орбан дар номае ба таърихи душанбе ва хитоб ба Чарлес Мичел، раиси Шӯрои Аврупо, ки масъӯли танзими дастури кору баҳсҳо дар нишастҳои аврупоӣ аст, навишт: ” Ман бо эҳтиром аз шумо мехоҳам ки Шӯрои Аврупоро барои расидаги ба ин мавзӯъот дар моҳи декабр даъват накунед зеро адами иҷмоъ ба таври иҷтинобнопазирӣ ба шикаст мунҷар хоҳад шуд”.

Ин Дуюмин нома бо ин муҳтаво аст, ки ба тозагӣ Орбан ба раиси Шӯрои Аврупо ирсол кардааст. Нахуствазири ростгарои Маҷористон, ки роҳбурди аврупоӣ ҳимоят аз Киев ва короии таҳримҳо алайҳи Русияро зери суол бурдааст, метавонад ин тасмимҳоро, ки лозимаи он иттифоқи назари бисту ҳафт кишвари узви Иттиҳодия Аврупо аст, Вето намояд. Виктор Орбан музокира бо Украина барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро иштибоҳ хонда ва гуфт; Киев чандин сол бо узвият дар ин Иттиҳодия фосила дорад. Вазифаи мо ин аст, ки ваъдаи иштибоҳи Бруксел барои оғози гуфтугӯ бо Украинаро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ислоҳ кунем.

Мухолифати Маҷористон бо оғози раванди музокироти узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо зарбае дигар ба руъёҳои сарони давлати ғарбгарои Украина барои идғом дар ниҳодҳои аврупоӣ ва ғарбӣ яъне Иттиҳодияи Аврупо НАТО маҳсӯб мешавад. Пеш аз ин яъне дар мобайни июни 2022 камиссиюни Аврупо бо эътои унвон «номзади узвият» дар Иттиҳодияи Аврупо ба Украина мувофиқат карда буд. Раиси камиссиюни Аврупо гуфт: Ин камиссиюн ба Шӯрои Аврупо тавсия кард то чашмандози аврупоӣ унвони «номзади узвият дар ин иттиҳодия» ба Украина эъто шавад. Албатта ин бо ин пешфарз аст, ки ин кишвар истилоҳоти муҳими бештари анҷом диҳад. Камиссиюни Аврупо дар ноябри 2023 оғози раванди музокироти узвияти Украина Молдоваро дар Иттиҳодияи Аврупо тавсия кард дукишваре, ки июни 2022  чанд моҳе пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, унвони номзадии узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро бадаст овараданд.

Ниҳоди иҷроии Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин пешниҳоди тахасусии 50 миллиард евро кумак ба Украинаро то соли 2027 ба унвони бахше аз раванди буҷети баландмуддати Иттиҳодияи Аврупо ироа кард. Сарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти 14 ва 15 декабр дар мавриди ин ду мавзӯъ тасмимгирӣ хоҳанд кард.

Масъалаи узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо ҳамвора аз масоили муноқиша барангез буда ва муҷиби шикофи байни аъзои ин ниҳоди Аврупо шудааст. Ҷудо аз мухолифати ҷадид дар ин замина аз ҷониби Маҷористон бархе дигари кишварҳои ин Иттиҳодия монанди Австрия низ бо ин амр ба мухолифат бархестаанд . Асосан дар бораи узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо дидгоҳи мусбате дар байни кишварҳои ин Иттиҳодия вуҷӯд надоштааст. Украин то пеш аз ин хостори пайвастан ба Иттиҳодия Аврупо буда аммо бо вуқуъи ҷанги байни Русия ва Украинина дархост шиддат гирифтааст. « Владимир Зеленский » раисиҷумҳӯри Украина пас аз ҳамлаи Русия ба Украина борҳо хоҳони пайвастани фаврии Украина ба Иттиҳодияи Аврупо шуда ва таъкид карда, ки миллати Украина ҳақ дорад ба узвият дар ин ниҳоди аврупоӣ даст ёбад ва таъиди узвияти ин кишвар дар ин Иттиҳодия нишондиҳандаи ҳимояти онҳо аз Киев хоҳад буд . « Потро Пореоенко» раисиҷумҳӯри собиқ Украина мегуяд : Пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо Нато ҳадафии стротежик барои мо аст. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва ғолиби сарони аврупоӣ борҳо бар тӯлони будани ин фароянд таъкид кардаанд. Зимни ин,ки бархе роҳи ҳалҳои ҷойгузин дар ин замина матраҳ шудааст. Аз ҷумла Эмануел Макрон, раисиҷумҳӯри Фаронса, дар соли 2022 пруже ” Созмони сиёсии Аврупо “ро дар порлумони аврупоӣ матраҳ ва тасреҳ кард, ки созукори илҳоқии Украина ба Иттиҳодияи Аврупо, мумкин аст ” даҳаҳо ” тӯл бикашад . Вай ҳамзамон пешниҳоди эҷоди як “Созмони ҷаддиди аврупоӣ “ро ки Украина ба он мулҳақ шуда ва метавонад шомили Британиа низ бошад ، ироа кард.

Бо таваҷҷӯҳ ба меъёрҳо ва стандардҳои Иттиҳодияи Аврупо ва фосилаи бисёри Киев аз ин стандартҳо ба вижа дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ва идорӣ ، асосан таҳаққуқи хости Зеленский барои узвияти фаврии Украин дар ин Иттиҳодия номумкин аст. Акнӯн Украина аз лиҳози фасод рутбаи 117ро дар ҷаҳон бӯда ва аз фосидтарин кишварҳо дар Аврупо дар заминаи фасоди молӣ ва идорӣ маҳсуб мешавад. Вазъияти иқтисодии Украина низ дар солҳои ахир бо вахомати рӯзафзӯн мувоҷҷеҳ будааст. Ҳамаи инҳо эҳтимоли узвияти ин кишвари Иттиҳодияи Аврупоро бисёр заъиф намуда аст. Зимни ин,ки яке аз муҳимтарин шароите, ки Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои хоҳони узвият, таъйин карда, ҳалу фасли тамоми ихтилофоти арзӣ ва марзӣ бо ҳамсоягонаш аст. Бадин тартиб ҳатто агар раванди узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо оғоз шавад, ки албата ниёз ба иҷмоъи назари ҳамаи аъзои он дорад, аммо таҳаққуқи он мусталзими раванди тӯлони ва печида хоҳад буд. Ин дар ҳоле аст, ки давлати ғарбигароӣ Киев асосан бо ин тасаввур ки Ғарб тамоюли воқеъи барои ҳамгаройи Украина дар ниҳодҳои аврупоӣ монанди Иттиҳодияи Аврупо ва ниҳодҳои низомӣ монанди Нато дорад, вориди арсаи рӯё рӯӣ бо Русия шуда буд . Дар ҳоле, ки акнӯн дар заминаи узвияти Украина дар Нато чашмандози равшанӣ вуҷӯд надошта ва дар бораи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо низ аммо ва агарҳои зиёдӣ вуҷӯд дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад