Иттиҳоми се донишҷӯи тоҷик ба авбошӣ Дар Хабаровскии Русия

Донишҷӯён аз Тоҷикистон ба он муттаҳам мешаванд, ки дар хобгоҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ҳамчунин чанд донишҷӯи дигарро кӯфтанд.

Донишҷӯён аз Тоҷикистон ба он муттаҳам мешаванд, ки дар хобгоҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ҳамчунин чанд донишҷӯи дигарро кӯфтанд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Хабаровск алайҳи се донишҷӯ аз Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин бора Раёсати тафтишоти Федератсияи Русия дар вилояти Хабаровск иттилоъ дод.

Бар хабари манбаъ, донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ороми ин вилоят занозанӣ кардаанд.

Дар хабари Раёсат омадааст:

“Шӯъбаи якуми тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Хабаровск аз рӯи далели ҷиноӣ бар асоси қисми 2 моддаи 213 Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст”.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки донишҷӯён пас аз халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ду донишҷӯи русро латукӯб намуданд.

Зимнан, кормандони ФСБ, ВКД ва ҳамчунин пулиси ОМОН дар хобгоҳ амалиёти мурофиавӣ анҷом дода, 27 муҳоҷирро мавриди пурсиш қарор дод, ки дар натиҷа 3 гумонбари ин ҳодисаро муайян кард.

Зикр гардид, ки донишҷӯёни муттаҳам дар занозанӣ ва нақзи тартиботи ҷамъиятӣ феълан боздошт шуда, масъалаи ба ҳабс гирифтани онҳо баррасӣ мешавад.

Раёсати тафтишот дар Хабаровск мегӯяд, дар робита ба парвандаи ҷиноӣ амалиёти тафтишотӣ идома дорад ва қонунӣ будани будубоши боздоштшудаҳо санҷида мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба шарофати афзудани квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар дар соли таҳсили 2022-2023 ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, гуфт Лилия Гумерова, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба маориф ва илм.

Ин далелро сенатор дар Душанбе дар ҷаласаи комиссияи ҳамкорӣ байни палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи Гумерова, дар соли хониши 2022-2023 шумораи квота, ки аз буҷети Русия маблағгузорӣ мешавад, 100 адад зиёд шуда, ба 750 адад расонида шуд.

Дар рафти чорабинӣ қонунгузорон дурнамои ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо ва эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмиро баррасӣ карданд.

Аз чумла, масъалахои ичрои Созишнома дар бораи сохтмон ва таҷҳизонидани моддию техникии мактабҳое, ки ба забони русӣ таълим медиҳанд, дида баромада шуданд.

Раиси кумита ҳамчунин қайд кард, мактабҳои наве, ки дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ба талаботи олӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Ва сохтани ин мактабҳо аз таваҷҷуҳи зиёд ба забони русӣ дарак медиҳад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад