Буҳрони равонӣ барои кӯдакон дар Ғазза – рӯъёҳое, ки зери хок дафн шуд

Ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза илова бар куштори ҳазорон кӯдаки фаластинӣ, кӯдакони бозмондаро ҳам дар маърази осебҳои равонӣ аз сабаби шоки инфиҷор қарор гирифтаанд, ё худашон гум шудаанд, ё афроди хонаводаашонро гум кардаанд.

Ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза илова бар куштори ҳазорон кӯдаки фаластинӣ, кӯдакони бозмондаро ҳам дар маърази осебҳои равонӣ аз сабаби шоки инфиҷор қарор гирифтаанд, ё худашон гум шудаанд, ё афроди хонаводаашонро гум кардаанд.

Кӯдакон ҳамеша яке аз осебпазиртарин қишри ҷомеа дар тӯли ҳар ҷанге дар таърих ҳастанд. Ин мавзӯъ ба вижа дар ҷангҳое, ки тарафҳои даргири ҷанг фақат ба мубориза бо низомиён намепардозанд ва ба мушакборони минтақаҳои маскунӣ ва ғайринизомӣ идома медиҳанд, бештар эҳсос мешавад.

Яке аз муҳимтарин намодҳои таҷовузи ду моҳаи гузаштаи режими саҳюнистӣ ба Навор Ғазза, қурбонӣ шудани бисёре аз кӯдакон аст ва албатта дар ин байн кӯдакони дигаре ҳам ҳастанд, ки ба осебҳои дигар, аз ҷумла осеби равонӣ дар пайи мушакборонҳо ва ё аз даст додани афроди хонавода гирифтор шудаанд.

Пойгоҳи хабарии Алҷазира дар гузоришҳои навбатияш ба баррасии вазъияти кӯдакони фаластинӣ пардохта ва вазъияти чанд кӯдакро ба унвони намунаи ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ шарҳ додааст.

Муҳаммад, кӯдаки 3-солаи фаластинӣ, модар ва танҳо хоҳарашро дар мушакборонҳои ҷинояткорони исроилӣ аз даст дода ва танҳо падараш барои Ӯ боқӣ мондааст, ки ҳатто лаҳзае намехоҳад аз Ӯ дур шавад. Ӯ ҳатто як калима ҳам ҳарф намезанад ва пайваста ба ин тарафу он тараф нигоҳ мекунад ва намехоҳад ҷуз падараш ҳеҷ каси дигареро бубинад.

Муҳаннад, дигар кӯдаки фаластинӣ аст, ки се рӯз зери оворҳо монда ва ҳеҷ нуреро мушоҳида намекардааст, аммо дар ниҳоят вақте тавассути имдодрасонҳо наҷот пайдо кард, ки яке аз поҳояш қатъ шуда буд. Модаркалонаш мегӯяд, ки Ӯ тамоми афроди хонавода ва писарамӯҳояшро дар мушакборони ваҳшиёнаи Исроил аз даст додааст.

Ритол, духтари 12-солаи фаластинӣ ва аз донишомӯзони бартари мадрасааш аст, ки наметавонад иттифоқҳоеро, ки бар сараш омадааст, дигар дар зеҳнаш бигузаронад. Ӯ пояш шикаста ва бародаронашро ҳам аз даст додааст. Бо садои пур аз дарду андӯҳ, ки ба сахтӣ ҳам овозаш шунида мешавад, мегӯяд: “бародаронам Амир ва Юсуф шаҳид шудаанд ва касе намондааст, ки бо онҳо бозӣ кунам. Поҳоям ҳамеша дард мекунад ва наметавонам роҳ биравам ва ҳатто китобро ҳам дар даст гирифта наметавонам.”

Аз нигоҳи равоншиносӣ, осебҳои равонии мавҷуд дар Навори Ғазза бисёр фаровон аст; ҳар рӯз беш аз 60 кӯдаку ҷавон ва ҳатто солмандон, ки аз танишҳои равонӣ аз сабаби таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза ранҷ мебаранд, барои дармони худ ба пизишкон муроҷиа мекунанд.

Бар асоси шароити фавқулодае, ки Вазорати тандурустии Ғазза аз рӯзи аввали ҷанг эълон кардааст, талошҳо барои касоне, ки дучори шок ва ваҳшат аз сабаби мушакборонҳо ё дигар ҳодисаҳои ҷангӣ шудаанд, тавассути пизишкон таҳти дармон қарор мегиранд. Ин афрод мумкин аст дар хонаҳои худ дар маърази мушакборон қарор бигиранд ё аз ҷумлаи он касоне бошанд, ки дар масири Салоҳуддин (яке аз муҳимтарин хиёбонҳои Ғазза) ва дар ҷараёни кӯч ва муҳоҷират аз шимоли Ғазза ба минтақаҳои ҷанубӣ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд. Бисёре аз ин афрод ҷанозаҳои фаластиниҳоеро дар роҳ меибананд, тактирандозҳои душман ҷон бохтаанд а пас аз он дучори танишҳои равонии хатарноке мешаванд; вақте кӯдакон бо инчунин саҳнаҳои ваҳшиёнаи ишғолгарони исроилӣ мувоҷеҳ мешаванд, аввалин осеб, он осеби равонӣ аст, ки ӯро гирифтор мекунад ва ҳаргиз аз хотираш берун намеравад.

Бадеҳӣ аст, ки дар ин байн ва дар шароити пурталотуми ҷанг, ниёзҳои онҳо ба таҷҳизоти пизишкӣ ҳам фарвон аст ва то ҳадди имкон ва бо камтарин имконот мароҳили табобати онҳо идома дорад. Баъзан мубталоёне ҳам, ки ағлаби онҳо кӯдакон ҳастанд, рафторҳои хушунатомез аз худ нишон медиҳанд ё дучори ё беиштиҳоӣ, ё идрори ғайрииродӣ, ё ҷавидани нохунҳо, роҳ рафтан дар ҳангоми хоб, тарсҳои шабона ва ғайра мешаванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт пеш аз ин бо судури баёнияе нисбат ба буҳронӣ шудани вазъияти иноснӣ ва ба вижа кӯдакон дар натиҷаи идомаи таҷовузҳо ба Ғазза ҳушдор дода ва бо ишора ба паёмадҳои равонии тӯлонимуддати ин иттифоқҳо барои наҷотёфтагон ва хонаводаҳои фаластинӣ эълон кард, ки вазъият тамоман аз доираи васфу баён хориҷ шудаанд. Бар асоси оморҳои расмӣ токунун наздик ба 16 ҳазор нафар дар ҳамлаҳои ҳавоии исроилиҳои таҷовузгар ба Ғазза шаҳид шудаанд ва беш аз 40 ҳазор тани дигар ҳам захмӣ шудаанд.

Матне барои кудакони Ғазза, паҳлавонҳо ва қаҳрамонҳои имрӯз, ки дар сукуту хомӯшии ҳокимону сиёсатмадорони ҷаҳон ваҳшиёна бомбаборон шудаанд.

Кӯдакони Ғазза! Шумо нури дунё ҳастед
Шумо ситораҳои шабро равшан мекунед
Шумо гулҳои боғро шод мекунед
Шумо мавҷҳои дарёро ором мекунед
Кӯдакони Ғазза! Шумо қаҳрамони дунё ҳастед
Шумо бо шуҷоат ва сабр меҷангед
Шумо бо ишқ ва имон зиндагӣ мекунед
Шумо бо ханда ва шодӣ бозӣ мекунед
Кӯдакони Ғазза! Шумо ояндаи дунё ҳастед
Шумо рӯъёи сулҳро доред
Шумо умеди озодиро дореда
Шумо ҳадафи адолатро доред
Кӯдакони Ғазза! Шумо дӯсти дунё ҳастед
Шумо дар дили мо ҷой доред
Шумо дар дуои мо ҷой доред
Шумо дар оғӯши мо ҷой доред
Кӯдакони Ғазза! Шумо баракати дунё ҳастед
Шумо нишонаи Худованд ҳастед
Кӯдакони Ғазза! Шумо азизи дунё ҳастед
Шумо ҳамеша дар қалби мо ҳастед
Шумо ҳамеша дар ёди мо ҳастед
Шумо ҳамеша дар нигоҳ мо ҳастед!.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад