Ҳизбуллоҳ: Мо аз таҳдиди Амрико ва Исроил наметарсем

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба ҳимояти ҳамаҷонибаи муқовимати исломии Лубнон аз Фаластин, эълом кард: ҳаросе аз таҳдидоти режими Исроил ва Амрико надорем.

Шайх “Наим Қосим” муовини дабирии кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард: муқовимат пойдор хоҳад монд ва идома хоҳад дошт ва барои ин кор худро омода кардааст. Омили қудрати муқовимат, ҳаққи миллати Фаластин дар ҳокимият бар сарзаминаш, ҳимоят аз муқовимат ва иродаи ҷанг то охирин нафс аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: ҳамакнун мусобиқа бо замон аст; Чӣ касе ба ҳадафи худ мерасад? Исроил бо аз байн бурдани ормони Фаластин ё муқовимат бо собит қадам мондан ва ноумед кардани душман аз тавонои худ дар ин замина?

Вай идома дод: тайи панҷоҳ рӯз душмани саҳюнистӣ ба ҳеҷ кадом аз аҳдофаш нарсид ва ҳатто озодии асирон дар ҷараёни мубодила анҷом шуд на дар майдони ҷанг.

Шайх Наим Қосим, дар идома аз омодагии комили муқовимат ва адами дастоварди режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза сухан гуфт ва афзуд: ин ҷанг беҳудааст ва табаоти он домони режими ҷинояткори саҳюнистиро хоҳад гирифт. Миллати Фаластин аз ин ҷанг мустаҳкамтар аз қабл хориҷ хоҳад шуд ва Исроил заифтар ва нигаронтар дар қиболи оянда, ин ҷангро пуштисар хоҳад гузошт.

Вай таъкид кард: Мо Исроилро шикаст хоҳем дод ва дар ин замина аҷала накунед. Бархе мегӯянд, ки шумо ҷанг алайҳи Исроилро чаро алон оғоз намекунед ва мо хитоб ба онҳо мегӯйем шумо чӣ мекунед оё фақат нигоҳ мекунед?

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳимояти ҳамаҷониба аз муқовимати исломии Фаластин хабар дод ва гуфт: мо ва муқовимат дар Ғазза дар як сангр ҳастем ва дар кумак ба пирӯзӣ ҳарончи лозим бошад дареғ нахоҳем кард. Таҳдидоти Амрико ва Исроил моро наметрсонад. Мо ба тарӯҳо ва касоне, ки аз тарсашон пеши моро мегиранд, гӯш нахоҳем дод. Таърихи мо пур аз ҷонфишонӣ ва душворӣ ва дар айни ҳол пур аз дастовардҳост. Бидуни шак пирӯзӣ аз они муқовимати исломӣ аст чаро, ки ин ваъдаи Худованди Мутаол аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад