Афзоиши мактабсозии бахши хусуси дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити рушди рӯзафзуни аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба ҷои нишаст дар макотиб бахши хусусиро ба мактабсозӣ ҷалб карда истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити рушди рӯзафзуни аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба ҷои нишаст дар макотиб бахши хусусиро ба мактабсозӣ ҷалб карда истодааст.

Ба гузориши манбаъ:

Соҳибкорон дар ноҳияи Рашт давоми 9 моҳ 8 мактаб сохтаанд, ки барои рушди соҳаи маориф саҳми бузург арзёбӣ мегардад.

Ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, аз ҷумла дар деҳаи Кӯли деҳоти “Аскалон” соҳибкор Ширинхӯҷа Асланов барои 300 хонанда мактаб сохтаст, ки бо тамоми таҷҳизоти муҳими таълимӣ таъминанд.

Ин дуюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки Асланов дар ноҳия бунёд намудааст.

Соҳибкорон Зафарҷон Маликов ва Шарифбек Давлатов муассисаи дуошёна бунёд карда, мушкили дастрасӣ ба таҳсил дар деҳаи Болошаҳрро ҳал кардаст.

Таъкид мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ҳиссаи соҳибкорон дар бахши иҷтимоӣ аз ҷумла дар сохтмони мактабҳо афзоиш меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, бо пули давлат ва ҷалби сармояи бахши хусусию шарикони рушд давоми солҳои наздик садҳо мактаб бунёд кунанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар нақша аст.

Талабот ба мактаб дар шароити афзоиши аҳолӣ, ташкили маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ва фарсуда шудани бархе мактабҳои бунёдгардида дар замони шӯравӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз камбуди кӯдакистонҳо ва иҷро нашудани барномаи сохти муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон интиқод кард.

Дар муддати сеюним соли охир аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои ғайриқаноатбахши Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025 гуфт, ки бештар ба кори мақомоти шаҳру вилоятҳо дахл дорад.

Ӯ гуфт: “Мувофиқи барнома ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад.”

Раҳмон таъкид кард, ки кӯдаки дар муассисаи томактабӣ ба таълиму тарбия фарогирифташуда барномаи мактабиро беҳтар аз худ мекунад ва доираву сатҳи тафаккураш аз дигар ҳамсолонаш ба таври назаррас фарқ дорад.

Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар кишвар 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103 ҳазор нафар ва беш аз 2,1 ҳазор Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор кӯдак фаъолият дорад, ки ҳамагӣ 16%-и кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.

Президент дастур дод, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то 50% расонида шавад.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи хонандагон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон беш аз 27 ҳазор нафар афзуд ва баробари ин мушкили ҷойи нишаст низ бештар шуд.

Дар вилояти Хатлон мақомот аз камбуди ҷойҳоро дар муассисаҳои таълимӣ мегӯянд.

Ғазалшоҳ Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи вилоят зимни нишасти хабарӣ ба чунин мушкил ишора кард.

Вай афзуд:

“Яке аз мушкилоти умдаи соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ҳамасола афзоиши шумори хонандагон аст”.

Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муҳассилин дар шаҳру навоҳии Хатлон беш аз 27 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Барои ҳалли ин мушкил ба гуфтаи ӯ, ҳар сол камаш 100 муассисаи таълимӣ сохтан лозим аст.

Вай таъкид кард, ки дар солҳои 2022-2023 дар вилоят 85 иншооти таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, беш аз 13 ҳазор хонанда дар як баст дар он таҳсил хоҳанд кард.

Сохтмони боз кариб 300 мактаби дигар низ давом дорад.

Гуфта мешавад, соли таҳсили гузашта дар вилояти Хатлон беш аз 1,3 ҳазор муассисаи таълимӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо беш аз 844 ҳазор нафар таҳсил мекарданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон пардохти ғайринақдӣ барои китобҳои дарсӣ ҷорӣ мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад