НАТО: беш аз 300 ҳазор низомии Русия дар Украина кушта шудаанд!

Дабири кулли НАТО дар поёни нишасти вазирони хориҷаи ин созмони низомӣ дар Брюссел бидуни ироаи ҳаргуна санад ва мадраке иддао кард: беш аз 300 ҳазор низомии Русия дар Украина кушта шуданд!

Дабири кулли НАТО дар поёни нишасти вазирони хориҷаи ин созмони низомӣ дар Брюссел бидуни ироаи ҳаргуна санад ва мадраке иддао кард: беш аз 300 ҳазор низомии Русия дар Украина кушта шуданд!

Ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, Йенс Столтенберг, дабири кулли Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ “НАТО” дар поёни нишасти вазирони хориҷаи ин созмони низомӣ дар Брюссел бидуни ироаи ҳаргуна санад ва мадраке иддао кард, ки Русия дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина “ҳазорон тонк” ва беш аз “300 ҳазор низомӣ” аз даст додааст!

Дабири кулли Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ ҳамчунин гуфт, ки беш аз 50 нуқта аз хоки Украина аз Русия бозпас гирифта шудаанд!

Дабири кулли НАТО муддаӣ шуд: Русия таъсири сиёсии худро натанҳо дар Украина, балки дар Қафқоз ва Осиёи Миёна ҳам аз даст додааст! Русия ба тадриҷ вобастагии бештаре ба Чин пайдо кардааст. Бахши муҳиме аз қудрати низомии мутаорифи Русия аз байн рафтааст!

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Йенс Столтенберг дар суханони худ бидуни ишора ба таҳдидҳо ва танишофариниҳои фаровони Амрико дар шебҳи ҷазираи Кория идома дод: НАТО партоби мушакҳо ва моҳвораҳои ҷосусии Кореяи Шимолиро маҳкум мекунад ва онро нақзи қонунҳои байналмилалӣ медонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад