Имзои 18 санади ҳамкорӣ ва як баёнияи муштарак миёни Эрону Тоҷикистон

Раисони ҷумҳурӣ ва мақомоти олирутбаи Эрону Тоҷикистон як баёнияи муштарак ва 18 санаду тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Дар маросими имзои асноди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайид Иброҳими Раисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон баёнияи муштараки таъмиқи равобити роҳбурдӣ ва баландмуддати дуҷонибаро имзо карданд.

Ҳамчунин мақомоти олирутбаи Эрону Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар 18 санаду тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ёддошти тафоҳуми нақшаи роҳи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии баландмуддат барои солҳои 2023 то 2030, лағви раводид (виза), мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамлу нақлу транзит, мудирияти буҳрон, эҷоди минтақаи озоди муштарак, фарҳангу ҳунар, омӯзиши олӣ, таҳқиқоти фанновариву навоварӣ, хадамоти почта, умури варзишӣ ва бародархондагӣ миёни шаҳрҳои Язди Эрону Хуҷанди Тоҷикистон, аз ҷумлаи асноду тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки тавассути мақомоти ду кишвар ба имзо расид.

Ин асноди ҳамкорӣ миёни вазирони умури хориҷа, неру ва фарҳангу иршоди Ҷумҳурии исломии Эрон бо вазирони рушди иқтисод, фарҳанг, маориф, нақлиёт ва саноати Тоҷикистон имзо шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар садри ҳайате ба ин кишвар сафар кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз азимат ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон дар ташреҳи барномаҳои сафари худ гуфт, сафар ба Тоҷикистон дар ростои тақвияти равобити сиёсиву иқтисодӣ ва равобити фарҳангӣ байни ду кишвар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад