Трамп даъвати Зеленскийро рад кард

Доналд Трамп даъвати раисҷумҳури Украина барои сафар ба ин кишварро рад карду гуфт, анҷоми чунин сафаре дар ҳоле, ки давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунии Амрико бар равобити Вашингтон ва Киев назорат мекунад “номуносиб” аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико дар як баёнияи катбӣ ба расонаи амрикоии “Newsmax” унвон кард: ман эҳтироми зиёде ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина қоилам, аммо фикр мекунам сафар ба Украина дар ҳоли ҳозир номуносиб бошад.

Вай афзуд: давлати Байден дар ҳоли ҳозир ба ин масаъла расидагӣ мекунад ва ман намехоҳам тазоди манофеъ ва ихтилофи салиқа эҷод шавад.

Владимир Зеленский пештар дар ҷараёни мусоҳибае бо шабакаи хабарии CBS гуфт: Доналд Трамп гуфта, ки зарфи 24 соат метавонад даргирӣ дар Украинаро мудирият карда ва ба ин ҷанг поён диҳад. Ҷо Байден ба Украина сафар карда ва ба назарам бахше аз ҷузъиётро фаҳмида, ки шумо фақат замоне онро дарк мекунед, ки ба Украина биёед. Барои ҳамин ҳам ман аз шумо даъват мекунам то ба кишвари ман сафар кунед.

Трамп, ки номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 Амрикост борҳо гуфта, ки агар бори дигар вориди Кохи Сафед шавад, метавонад ба суръат ҷанги Украинаро хотима диҳад. Дар ҳоле, ки Байден қавл дода кумаки низомиро то замоне, ки лозим бошад ба Украина бидиҳад, Трамп ҳушдор дода, ки ин сиёсат хатари ворид шудани Амрико ба Ҷанги Ҷаҳонии Сеюмро бо Русияи мусаллаҳ ба силоҳи атомӣ афзоиш медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад