Зеленский дар ҷанг “танҳо” мондааст

Тибқи гузориши маҷаллаи амрикоии "Time", Владимир Зеленский дар ҷанги Украина "танҳо" мондааст. Аз ҷанг тақрибан ду сол сипарӣ шуд ва Русия то ҳол панҷяки қаламрави Украинаро таҳти назорат дорад. Даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд ва ҳимояти ҷаҳонӣ аз ҷанг дар Украина рӯз то рӯз коҳиш меёбад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Маҷаллаи Time бо ишора ба сафари раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба Амрико дар рӯзи 21 сентябр мегӯяд, ки ин сафар ба Зеленский кӯмак кардааст, ки пуштибонии сенаторҳои амрикоиро алайҳи ҷанг бо Русия дубора ҷалб кунад.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз мулоқотҳои Зеленский дар Кохи Сафед ва Пентагон як соат дер баргузор шуд ва ҳангоми оғози суханронӣ ӯ парешон ва ҳамзамон ошуфта ба назар мерасид. Албатта, баъдтар ба кайфияташ ишора карда, гуфт, ки ин эҳсосот аз «хастагии ҷанг» ба вуҷуд омадааст.

Пас аз ин сафар раиси ҷумҳури Украина дар мусоҳиба бо маҷаллаи Time ошкоро эълом кард: “Ба пирӯзии мо ба мисли ман касе бовар надорад. Тамоми Қувваи худро сарф кунед. Ин ғалаба бисёр чизҳоро талаб мекунад.

Зеленский

Time менависад: Вазъият танҳо мушкилтар мешавад. Ҷанг ба моҳи 20-уми худ ворид шуд ва тақрибан панҷяки қаламрави Украина таҳти назорати Русия аст. Даҳҳо ҳазор сарбозон ва ғайринизомиён кушта шуданд ва Зеленский эҳсос кард, ки ҳар дафъае, ки ӯ ба Амрико сафар мекунад пуштибонии ҷаҳониро аз даст медиҳад.

Маҷалла аз қавли аъзои ҳукумати президенти Украина овардааст: Зеленский эҳсос мекунад, ки ҷонибдорони ғарбиаш ба ӯ “хиёнат” кардаанд. Онҳо Зеленскийро бе ягон восита барои пирӯзӣ дар ҷанг тарк карданд. Барои ӯ танҳо зинда мондан дастрас аст.

Зеленский дар мусоҳиба бо ин маҷалла гуфт: Ман муддати тӯлонӣ ин тарсро доштам. Шояд ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дар Украина оғоз шавад ва сипас ба Исроил кашонда шавад ва дар ниҳоят дар Осиё густариш ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад