Сиёсатҳои бади Амрико омили буҳрони Ховари Миёна аст

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милал таъкид кард, Маскав аз солҳо пеш нисбат ба раванди физояндаи танишҳо дар ғарби Осиё ва хатари ташдиди онҳо ҳушдор дода буд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Василий Небензия”, намояндаи доими Русия дар Созмони Милал дар нишасте дар рӯзи сешанбе дар Шӯрои амният гуфт, кишвараш аз солҳо қабл ҳушдор дода буд танишҳо дар ҳавзаи ғарби Осиё рӯ ба афзоиш ҳастанд то инки риски инфиҷори ин танишҳо ба бештарин ҳад расида ва ин инфиҷор иттифоқ афтод.

Ба навишта хабаргузори “ТАСС”, Василий Небензия, дар ҷаласаи мунозираи алании Шӯрои амният дар бораи вазъият дар ғарби Осиё гуфт: «рухдодҳои ғамангези ин минтақа реша дар нақши мухарриб ва бади деринае, ки Вашингтон ифо карда ва сиёсаташ дар тахриби раванди ҳаллуфасли масоили асосии ҷанги қадимӣ дар онҷо доранд. Ба баёнияҳои мо дар бораи Ховари Миёна нигоҳ кунед. Мо ба ҳамроҳи бисёре аз тарафҳои дигар аз солҳо қабл ҳушдор додаем, ки танишҳо дар ин минтақа ба остонаи инфиҷор расидаанд. Ҳоло ин инфиҷор иттифоқ афтодааст.»

Сӯҳбатҳои ин мақоми рус баъд аз он матраҳ шуд, ки ҷунбиши муқовимати Ҳамос амалиёти “Тӯфони Ақсо”-ро дар таърихи ҳафтуми октябр алайҳи режими террористии саҳюнистӣ ба иҷро гузошт, ки мунҷар ба ҳалокати ҳадди ақал 1500 саҳюнист ва захмӣ шудани наздик ба 5000 нафар аз онҳо шуд. Дар пайи ин амалиёт кобинаи режими ишғолгари Қудс дастури оғози ҳамалоти густурда ба Навори Ғаззаро содир кард. “Ёав Галлант” вазири ҷанги Телавив бо дастури эъмоли муҳосираи ҳамаҷониба алайҳи Навори Ғазза, вуруди ҳаргуна ғизо, дору, сӯхт, барқ ва ҳатто об ба ин минтақаро мамнуъ кард.

Василий Небензия, дар идомаи изҳороташ таъкид кард: «буҳрони кунунӣ бори дигар нишон дод, саботи минтақа бидуни ҳалли мунсифонаи даргирии Фаластин ва Исроил мутобиқ бо қатъномаҳои маҷмаъи умумӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милал, як ҳадафи ғайриқобили дастёбӣ аст.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад