Гузорише аз мушкилоти низоми гармодиҳӣ дар мактабҳои Суғд

Системаҳои ягонаи гармидиҳӣ, ки умдатан замони шӯравӣ дар макотиби Тоҷикистон фаъол буданд корношоям шуда, барои таҷдиди он мақомот маблағи кофӣ надоранд.

Системаҳои ягонаи гармидиҳӣ, ки умдатан замони шӯравӣ дар макотиби Тоҷикистон фаъол буданд корношоям шуда, барои таҷдиди он мақомот маблағи кофӣ надоранд.

Ба гузориши манбаъ:

Танҳо дар 350 муассиса аз шумори умумии беш аз 1200 макотиб ва кӯдакистонҳои Суғд системаи ягонаи гармидиҳӣ фаъол аст.

Ба иттилои Раёсати маорифи Суғд, таъмини гармии беш аз 850 муассисаи таълимӣ тавассути печҳои бухорӣ бо ҳезум ва ангишт сурат мегирад.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Сайфулло Раҳматов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо печҳои бухорӣ насб карда мешаванд.

Раҳматов гуфт:

“То ҳол дар ҷамъи муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 17 ҳазор тон ангишт, беш аз 8 ҳазор метри мукааб ҳезум ва 6,6 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудаанд”.

Системаҳои ягонаи гармидиҳӣ ё дегхонаҳои буғӣ, ки умдатан замони шӯравӣ дар макотиб фаъол буданд бо мурури вақт фарсудаву корношоям шудаанд. Сохтмон ва фаъолсозии дегхонаҳо маблағи калонро тақозо менамояд ва феълан ҳукуматҳои маҳаллӣ ин имконро надоранд.

Соли таҳсили 2023 – 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Суғд беш аз 572 ҳазор нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба шумор толибилм беш аз 40 ҳазор омӯзгор дарс мегуяд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ду ҳазору 303 нафар аз се ҳазору 754 омӯзгори Суғд, ки тарки касб кардаанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта аз се ҳазору 754 нафар омӯзгори ин вилоят ду ҳазору 303 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Ҳамчунин 185 омӯзгор бо сабаби ба кор рафтан дар дигар соҳа, 362 нафар бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидан, 54 нафар бо сабаби фавт, 616 нафар бо хоҳиши худ, 126 нафар бинобар иваз кардани ҷои зист ва дигар сабабҳо тарки касб намудаанд.

Дар маҷмуъ шумори омӯзгорони вилоят 39 ҳазору 523 нафар буда, 26 ҳазору 516 нафари онҳо зан мебошанд.

Дар ҳамин ҳол Раёсати маорифи вилояти Суғд таъкид кардааст, ки ба 708 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии вилоят ниёз дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар соли таҳсили 2021-2022 1100 нафар аз форуғаттаҳсилони гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии вилоят барои ба ҷойи кор таъмин шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят роҳхат гирифтанд.

Аз ин миқдор 845 нафар мутахассиси ҷавон ба ҷои кор ҳозир шудаанд, ки ин нишондиҳанда 76,8 дарсади шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил менамояд.

Раёсати маорифи Суғд инчунин қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кадрҳои педагогӣ таъмин буда, аз онҳо 278 нафарашон мудир, 15 нафар сармураббӣ, 2006 нафар мураббӣ, 200 нафар омӯзгорони дигар фунун мебошанд ва 1433 нафарашон маълумоти олӣ, 243 нафар олии нопурра, 1 ҳазор 329 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.

Ҳамзамон дар нишаст қайд карда шуд, ки дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муасссаи тасилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатанд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад