Байден хитоб ба мақомоти саҳюнистӣ: бо Ҳизбуллоҳ вориди ҷанг нашавед!

Байден ва мушовирони аршадш ба мақомоти режими саҳюнистӣ ҳушдор додаанд, ки вориди ҷанг ва даргирӣ бо Ҳизбуллоҳ нашаванд.

Маноби огоҳ ба рӯзномаи Нию-Йорк Таймз эълон карданд, ки Байден, раисҷумҳури Амрико ва мушовирони аршадш ба мақомоти режими саҳюнистӣ ҳушдор додаанд, ки вориди ҷанг ва даргирӣ бо Ҳизбуллоҳ нашаванд.

Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз ба нақл аз мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ эълон кард, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва мушовирони аршадш ба мақомоти Исроил тавсия кардаанд, ки аз ҳаргуна ҳамла алайҳи Ҳизбуллоҳ, гурӯҳи қудратманд дар Лубнон худдорӣ кунанд.

Ба навиштаи Нию-Йорк Таймз, мақомоти амрикоӣ аз он нигаронанд, ки бархе аз аъзои ҷангталаби кобинаи Исроил ҳамзмон, ки бо Ҳамос меҷнганд хоҳони ҷанг бо Ҳизбуллоҳ ҳам ҳастанд. Аммо мақомоти Амрико сахтиҳо ва душвориҳои ҷанги ҳамзмон дар ҷабҳаи ҷануб бо Ҳамос ва дар ҷабҳаи шимол бо ҷараёни қудратманде ҳамчун Ҳизбуллоҳро ба мақомоти исроилӣ гӯшзад карданд.

Онгуна, ки Нию-Йорк Таймз гузориш додааст, мақомоти амрикоӣ дар ҳафтаҳои ахир ва пас аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил талош кардаанд ҳак Ҳизбуллоҳи Лубнонро ҳам маҳор кунанд. Дипломатҳои амрикоӣ дар нишастҳои гуногун дар саросари ғарби Осиё аз ҳамтоёни араби худ хостаанд, ки ба интиқоли паёмҳо ба Ҳизбуллоҳ аз ҷумла аз тариқи тамосҳояшон бо Эрон, кумак кунанд, то аз бурузи ҳар гуна ҷанги Исроил ва Ҳизбуллоҳ ҷилавгирӣ кунанд.

Байден чаҳоршанбе гузашта барои дидор бо мақомоти саҳюнистӣ ба Телавив сафар кард. Дар гузориши дигаре ҳам бо ишора ба чакидаи паёми нишасти маҳрамонаи як соатаи Ҷо Байден, бо Бенёмин Нетонёҳу пеш аз тарки ин режим фош сохт: Байден аз Телавив ду ҳарф шунид; ҷанги Ғазза замонбар аст ва нигарони коҳиши ҳимояти муттаҳидони худ дар баробари неруҳои муқовимат ҳастем. Ба гувоҳи расонаҳо, муҳимтарин нигаронии Исроил, коҳиши ҳимояти Амрико аз Телавив дар баробари неруҳои муқовимат буд.

Дар ин нишаст, Ҷо Байден дар ҳоле, ки ба шиддат аз вуруди мустақими Ҳизбуллоҳ ба ҷанг нигарон буд, аз аъзои кобинаи ҷангии Исроил аз таниши марзии ахир миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо пурсуҷӯ кард ва хостори иттилоъ аз барномаи ояндаи кобинаи Нетонёҳу пас аз фурӯкаш кардани ҷанги Ғазза шуд. Ба гузориш Оксиюс, сарони кобинаи ҷангии Исроил дар посух ба пурсиши Ҷо Байден эълон карданд, ки ҳоло ҳам барномае барои марҳалаи пасоҷанг надоранд ва феълан азми худро бар бомбаборони мавозеи Ҳамос пас аз шурӯъи амалиёти Тӯфони Ақсо мутамаркиз кардаанд.

Раисҷумҳури Амрико дар ин нишаст аз мақомоти Телавив хост, ки аз хушунати бештар ҷилавгирӣ кунанд ва бар хилофи хатоҳои Амрико дар ҳамла ба Ироқ, ба аҳдофи худ тамаркуз кунанд.

Ба навиштаи Оксиюс, Бенӣ Гонтз, ки робитаи наздике бо тем Байден дорад, дар ҷараёни нишаст бо раисҷумҳури Амрико аз вай хост, ки барои нобудии Ҳамос Вашингтон ҳимояти худро беш аз пеш аз Исроил нишон диҳад, зеро Телавив барои аз байн бурдани ташкилоти Ҳамос ба замони тӯлонӣ ниёз дорад.

Дар нишасти маҳрамонаи Байден ва сарони Телавив, раисҷумҳури Амрико бо эълони ҳимоят аз Исроил таъкид кард, ки бояд Исроил бо вазъи кумакҳои инсонӣ ба Ғазза ҷомеаи ҷаҳониро бо худ ҳамроҳ кунад, то ба тадриҷ барномаи нобудии Ҳамос амалиётӣ шавад.

Оксиюс фош сохт, ки яке аз меҳварҳои музокиротии Нетонёҳу бо Байден масъалаи дархости кумаки низомии бесобиқаи 10 миллиард долларӣ аз Вашингтон ба Телавив буд, ки бояд Конгресси ИМА онро таъйид кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад