Қатли оми фаластиниҳо; роҳбурдии режими саҳюнистӣ барои костан аз шикасти бузург

Режими саҳюнистӣ, ки бо амалиёти “Тӯфони Алақсо” дучори шоку шикасти бузургӣ шуд, қатли оми фаластиниёнро барои ҷуброни шикаст дар пеш гирифтааст.

11 рӯз аз амалиёти “Тӯфони Алақсо” мегузарад. Режими саҳюнистӣ, ки сангинтарин шикасти таърихи 75 солаи худро мутаҳаммил шуда ҳамалоти ҳамаи ҷонибаи худ алайҳи борикаи Ғаззаро аз нахустин рӯзи амалиёт яъне дар 7 октябр оғоз кард.

Ин ҳамалҳо беш аз ҳар чиз ду мавзӯъро нишон дод: Ҷунуни режими саҳюнистӣ дар муқобили бузургтарин шикасти таърихии худ ва дифоъи муддаиёни ҳуқуқи башар аз куштори фаластиниҳо.

Мутобиқи охирин омори эълом шуда, то кунӯн дар асари ҳамалоти саҳюнистҳо 2 ҳазору 873 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва беш аз 12 ҳазору 500 нафар низ захмӣ шудаанд ва ҳар лаҳза низ бар шумори шуҳадо ва захмиҳо афзӯда мешавад. Беш аз 60 дарсади шуҳадо ва захмиҳоро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд.

Манозил ва зерсохтҳои Ғазза ба хусӯс марокизи дармонӣ ва бемористонҳо низ дар асари бомбаборони рӯзона дар ҳоли тахриб аст. Режими саҳюнистӣ ҳамчунон бо чароғи сабзи Ғарб ба хусӯс Амрико ба ин ҳамлаҳо идома медиҳад. Ончи ин режими алайҳи мардуми Ғазза анҷом медиҳад мисдоқи боризв а ошкори наслкушӣ аст.

Шавоҳиди мутаъаддиде дар ин хусӯс вуҷӯд дорад, ки куштори васеъи занон ва кӯдакон. ҳамла ба бемористонҳо, надодани муҷаввиз барои ҳамлу нақли маҷрӯҳон, мамнӯъияти дастраси ба дорӯ. ҳамла ба мадорис, масоҷид ва марокизи мазҳабӣ аз ҷумлаи ин шавоҳид аст, ки ҷумлагӣ аз мавориди нақзи Конвенсияҳои Женева ва иртикоби ҷиноят алайҳи башарият аз сӯйи режими саҳюнистӣ аст.

Ин ҷиноятҳо баёнгари ин аст, ки режими саҳюнистӣ барои костан аз сангинии шикаст дар Тӯфони Алақсо ба қатли ом рӯй оварда аст . Қудратҳои ғарбӣ ки муддаии ҳуқуқи башар ҳастанд чашм ба рӯйи наслкушӣ дар Ғазза баста ва сирфан кушта шудани саҳюнистҳо дар Тӯфони Алақсоро ба унвони як мусибати бузург мебинанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад