Дидори вазири дифои Эрон бо Раҳмон

Вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо раисҷумҳур дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо “Эмомалӣ Раҳмон” раисҷумҳури кишвар дидор кард.

Тайи ин мулоқот мавзӯоти марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар заминаҳои амниятӣ ва низомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ду тараф бо тавваҷуҳ ба афзоиши таҳдидоти амниятӣ дар сутуҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бар лузуми таҳкими таомулот дар заминаи муқобила бо чолишҳои қарн монанди тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводдӣ мухаддир ва ҷинояти созмонёфтаи фаромиллӣ таъкид карданд.

Раисҷумҳур ва генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз густариши созукорҳои мавҷуди ҳамкорӣ ва иҷрои комили аснод ва тавофуқоти марбута ҳимоят карданд.

Шоён зикр аст, ки генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, дируз дар дидори худ богенерал-полковник “Шералӣ Мирзо” вазири дифои кишвар таъкид кард, ки ҳадаф аз ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ бо Тоҷикистон тақвияти бунияи дифоӣ кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад