Ал-Азҳар: муҳоҷирони саҳюнистии муқими Фаластин ғайринизомӣ нестанд!

 Марказ ҷаҳонии фатвои Ал-Азҳар ба сароҳат эълон кард саҳюнистҳои муҳоҷире, ки ба Фаластини ишғолӣ омада ва дар онҷо муқими шудаанд, ғайринизомӣ ба ҳисоб намеоянд.

Марказ ҷаҳонии фатвои Ал-Азҳар ба сароҳат эълон кард саҳюнистҳои муҳоҷире, ки ба Фаластини ишғолӣ омада ва дар онҷо муқими шудаанд, ғайринизомӣ ба ҳисоб намеоянд.

Маркази ҷаҳонии Ал-Азҳар навиштааст: миллати Фаластини дар ҳудуди як қарн аст, ки аз терроризми созмонёфта, фишор, зулм, кӯчонидан ва наслкушии ваҳшиёна ба дасти ишғолгари ғосиб ранҷ мебарад, ишғолгарӣ ба ҳеҷ як аз қонунҳои ҳуқуқи башар эътино накарда ва дар айни ҳол аз ҳимояти сиёсатҳои қудратҳо ҳам баҳраманд аст.

Дар идома ин фатво бо ишора ба муқовимати устувори миллати Фаластин таъкид шудааст, миллати Фаластин ҳамчунон бо пойдории худ ва пойфишорӣ дар боқӣ мондан дар сарзаминашон ба рағми тамоми хатарҳо ва бомбаборонҳои ваҳшиёнаи саҳюнистӣ, олитарин қаҳрамониҳоро рақам мезанад ва ҷаҳони сокиту тарсӯро, ки аз ин ҷиноятҳо ҳимоят мекунад, дар тангнои бузурги инсонӣ ва ахлоқӣ қарор медиҳад.

Ба гуфтаи Ал-Азҳар: саҳюнистҳои муҳоҷир (шаҳракнишинон), ки дар сарзаминҳои ишғолӣ муқим ҳастанд, мшмули тавсифи ғайринизомӣ намегарданд, балки онҳо ишғолгарони замин, ғосибон ҳақ ва касоне ҳастанд, ки ба муқаддасоти Қудси чӣ исломӣ ва чӣ масеҳӣ таҷовуз мекунанд.

Ал-Азҳар бо ишора ба ҷиноятҳои рӯзҳои ахири режими саҳюнистӣ ҳам таъкид кард: кушторҳои ваҳшиёнае, ки режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин анҷом медиҳад, ҷиноятҳои ҷангӣ ба маънои комили калима ба шумор мераванд, ки дер ё зуд ба хотири онҳо муҷозот хоҳад шуд ва таърих номи муртакибшудаҳои ин ҷиноятҳоро бо нангӣ ва палидӣ ба сабт хоҳад расонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад