Таъкиди Тоҷикистон ва Кувайт бар тақвияти равобит дар арсаи амният ва дифоъ

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо муовини нахуствазир ва вазири дифои ин кишвар дидор ва дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи амният ва дифоъ табодули назар кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Зубайдуллоҳ Зубайдзода”, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо “Аҳмад Фаҳд Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ” муовини нахуствазир, вазорати дифои ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар заминаҳои амниятӣ ва дифоӣ табодули назар сурат гирифт.

Ду тараф дар идомаи ин дидор бар тақвияти равобити амниятӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт таъкид карданд.

Равобити дипломатик байни Тоҷикистон ва Кувайт дар 31 март 1995 барқарор шуд. Кувайт яке аз аввалин кишварҳое дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Дар 24 июн 2013, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ва муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Кувайт расман ифтитоҳ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад