Монеаҳои рушди иқтисоди кишвар аз нигоҳи Бонки ҷаҳонӣ

Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише монеаҳои тавсеаи Тоҷикистонро баён кард, ки муҳити кории душвор ва ширкатҳои давлатии нокоромд аз ҷумлаи онҳост.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише монеаҳои тавсеаи Тоҷикистонро баён кард, ки муҳити кории душвор ва ширкатҳои давлатии нокоромд аз ҷумлаи онҳост.

Нависандагони гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ дар бораи Тоҷикистон, “ширкатҳои давлатии нокоромд, фасод, рақобати заиф, иртиботҳои диҷитоли нокофӣ, иртиботҳои ҳамлу нақли заиф, воситагирии молии нокофӣ, тавсеаи оҳистаи сармояи инсонӣ, осебпазирии иҷтимоӣ ва зистмуҳитии қобил таваҷҷуҳ”-ро аз ҷумлаи ин мушкилҳо зикр кардаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки «муҳити кории душвор монеи эҷоди ҷойгузинҳои бахши хусусӣ шудааст”.

Вобастагии зиёди иқтисоди ҷумҳурӣ ба ҳаволаҳои ирсолӣ тавассути муҳоҷирон ва сармоягузории хориҷӣ (вомҳо ва кумакҳои билоиваз) барои иҷрои проектҳои давлатӣ ва осебпазирии зиёд дар баробари таъсирҳои хориҷӣ низ зикр шудааст.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ рушди нисбатан болои иқтисод дар даҳаи гузашта (ба таври мутавассит 1/7 дарсад)-ро ба хотири «масрафи ҳавола тавассути хонаводаҳо ва сармоягузориҳо дар зерсохтҳои умумӣ медонанд.

Дар гузориши моҳи июли Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон ишора шудааст, ки дар соли 2022 мизони ҳаволаҳои ирсолӣ ба ҷумҳурӣ аз 5.2 миллиард доллар фаротар хоҳад рафт ва ҳаддиаксар ба 49 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ хоҳад расид.

То пеш аз ин дар соли 2014 вурудии нисбатан бузурге аз маҳалли даромадҳои муҳоҷирони тоҷик ба сабт расида буд, ки беш аз 4.2 миллиард доллар буд.

Бонки ҷаҳонӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия мекунад барои дастёбӣ ба аҳдофи стратегияи тавсеаи миллӣ то соли 2030 теъдоде аз мушкилоти ҷиддиро ҳал кунанд.

Ба гуфтаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, 82 проекти сармоягузории давлатӣ ба маблағи кулли 4.5 миллиард доллар дар қаламрави кишвар иҷро мешавад.

Беш аз 3.2 миллиард доллар барои иҷрои ин тарҳҳо кумакҳои ғайриқобили истирдод ва 1.3 миллиард доллар низ вом аст.

Дар нимаи аввали соли 736.1 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ вориди ҷумҳурӣ шуд, ки 86.5 миллион доллари он сармоягузории мустақим ва 649.6 миллион доллар кумаки билоиваз ва вом аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад