Ҳимояти густурдаи мардуми Австрлия аз Ғазза

Ҳазорон нафар дар пойтахти Австралия ба хиёбонҳо омада ва алайҳи режими саҳюнистӣ ва дар ҳимоят аз мардуми Ғазза тазоҳурот карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳазорон нафар аз сокинони шаҳри Сиднейи Австралия, бо ҳузур дар хиёбонҳо ба ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза пардохтанд ва ҷиноёти режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

Ба навиштаи “Шаҳоб Ниюз”, гурӯҳи Фаластинии “Ал-Амал” аз ҳафтаи гузашта барои ҳузур дар ин тазоҳурот фарохон дода буд ва дар ҳоле ки полиси Сидней пойтахти Австралия пешбинӣ карда буд, ки ҳудуди 400 нафар дар ин таҷаммӯъ ширкат кунанд; аммо теъдоди афроди ҳозир чандин баробари ин теъдод аст.

Ҳозирин дар ин таҷаммӯъ бо даст доштани парчамҳои Фаластин ва тасовири кӯдакони шаҳиди Ғазза, сукути маҷомеъи байналмилалӣ дар хусуси ҷиноёти режими ишғолгарро маҳкум карданд.

Аммо таҷаммӯъи имрӯз дар шароите баргузор шуд, ки полиси Сидней ҳамчун кишварҳои аврупоӣ, аз рӯзи ҷумъа эълом карда буд, ки дар ҳоли баррасии вазъи маҳдудиятҳои вижа алайҳи ҳозирин дар ин таҷаммӯъ аз ҷумла боздошт ва тафтиши онҳо аст.

Бархе маҳофили сиёсии ҳомии режими саҳюнистӣ дар Австралия пас аз шодии иддае дар ин кишвар дар душанбе ҳафтаи гузашта ба муносибати амалиёти муваффақи “Тӯфони Ал-Ақсо”, хостори эъмоли маҳдудиятҳо алайҳи ҳомиёни Фаластин шуда буданд.

Чаҳоршанбе ҳафтаи гузашта низ тайи таҷаммӯе дар Сидней парчами режими саҳюнистӣ ба оташ кашида шуд; Иқдоме, ки мӯҷиби хашми “Энтони Албанес”, нахуствазири Австралия шуд ва ӯ аз эътирозоти ахир алайҳи режими саҳюнистӣ дар кишвараш ба унвони намоишҳои «ваҳшатноке» аз яҳудиситезӣ ёд карда ва ин эътирозотро маҳкум ва хостори таваққуфи иқдомоти инчунинӣ дар Сидней шуд.

Хашми мақомоти давлати Австралия аз эътирозоти зидди саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки аз шанбе ҳафтаи гузашта токунун тайи ҳамалоти ҳамаҷонибаи ишғолгарон 2329 нафар дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд, ки беш аз 500 нафар аз онҳо кӯдак ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад