Хабарнигорони озодаи ҷаҳон бояд ҷиноятҳои саҳюнистро ба гӯши ҷаҳон бирасонанд

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе аз хабарнигорони озодаи ҷаҳон хост бидуни таваҷҷуҳ ба амалиёти фиреби афкори умумии Амрико, ҷиноятҳои режими саҳюнистро алайҳи миллати Фаластин расво кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Манор”, бахши равобити умумии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе эълом кард: мо шоҳиди бетаваҷҷуҳии тааммуди дабири кулли Созмони Милал, неруҳои ЮНИФИЛ (UNIFIL) дар Лубнон, сухангӯи расмии Кохи Сафед, хабаргузории Рейтер (Reuters) ва дигар расонаҳои ҷаҳонӣ дар қиболи ҷиноёти режими палиди саҳюнистӣ аз ҷумла шаҳодати хабарнигори лубнонӣ “Исом Халил Абдуллоҳ” ҳастем.

Дар идомаи ин баёния омадааст: режими палид ва хуношоми саҳюнистӣ ҳамон тарафи мутаҷовизе аст, ки ин хабарнигорро ба сурати ошкор ва бидуни ҳеҷ шаке ба шаҳодат расондааст. Ин ҷинояти режими ҷинояткори саҳюнистӣ  аст дар баробари чашмони хабарнигорони дохилӣ ва хориҷие, ки дар саҳна ҳозир буданд сурат гирифт.

Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: тамоми ин гурӯҳҳо талош мекунанд душмани саҳюнистӣ маҳкум нашавад ва тамоми ин иқдомот дар чорчуби фиреби афкори умумӣ сурат мегирад, ки ба раҳбарии Амрико ва бозӯҳои расонаӣ ин кишвар ба нафъи режими палиди саҳюнистӣ ва алайҳи миллати мазлуми Фаластин дар ҷараён аст.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ тасреҳ шудааст: мо аз тамоми хабарнигорони озодаи ҷаҳон мехоҳем ин воқеияти маҳзро ошкор карда ва ҷинояткоре, ки даст ба куштори хабарнигорон мезанад маҳкум кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки дар ҷараёни ҳамалоти режими кӯдак куши саҳюнистӣ алайҳи минтақаи “Уламо аш-Шаъб” воқеъ дар ҷануби Лубнон, “Исом Халил Абдуллоҳ” хабарнигор ва аккоси лубнонӣ ба шаҳодат расид ва теъдоде дигар аз хабарнигорон захмӣ шуданд. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ онки хабаргузории Рейтер, ки бо Халил Абдуллоҳ ҳамкорӣ мекард бо судури баёнияе хабари шаҳодати вайро мунташир кард, аммо ишорае ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар ин хусус накарда ва хоҳони иҷрои таҳқиқоти қазоӣ дар ин замина нашуд!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад