Тарси Пентагон аз вуруди Ҳизбуллоҳ ба хатти низоъ ва густариши ҷанг

Як мақоми вазорати дифои Амрико (Пентагон) бо ибрози нигаронӣ ва тарси шадид аз гушӯда шудани ҷабҳаи даргирии дигаре аз ҷануби Лубнон алайҳи Телавив ба мақомоти ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, як мақоми масъул дар вазорати дифои Амрико (Пентагон)  рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо расонаҳо нисбат ба боз шудани ҷабҳаи ҷадиди даргире аз сӯи ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон зидди “Исроил” вокуниш нишон дод.

Бар пояи ин гузориш, як мақоми аршади Пентагон бо ҳушдор ба мақомоти ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон гушӯдани хатти дигари даргирӣ аз ҷануби Лубнон зидди Телавивро «тасмими нодуруст» хонд.

Вай дар идомаи изҳороти худ бо ибрози нигаронии физоянда аз эҳтимоли вуруди Ҳизбуллоҳи Лубнон ба хатти даргирии мустақим бо Телавив ҳамзамон бо амалиёти неруҳои муқовимат дар Навори Ғазза нисбат ба хатари шӯълавар шудани ҷанг дар сатҳи минтақа ҳушдор дод.

Шоёни зикр аст манобеи маҳаллӣ дар 9 октиябр аз шунида шудани садои тирандозӣ ва даргирии неруҳои мусаллаҳ бо низомёни режими саҳюнистӣ дар марзи Лубнон ва Фаластини ишғолӣ хабар доданд. Дақоиқе баъд аз ҳодиса, Сарая ал-Қудс, шохаи низомии ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин масъулияти ҳамла аз ҷануби Лубнон ба низомиёни режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолиро бар уҳда гирифт.

Бо таваҷҷуҳ ба суханони ахири Сайид Ҳасан Насруллоҳ мабни бар посухгӯӣ ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи ҳар минтақае дар Лубнон ва таҷовузоти имрӯзи артиши Исроил ба манотиқи ҷануби Лубнон, ки ба шаҳодати се тан аз неруи Ҳизбуллоҳ мунҷар шуд, эҳтимол меравад муқовимати Лубнон бо ҳадафи посухгӯӣ ба ҷиноёти имрӯзи саҳюнистҳо ва ҳамчунин дар ростои пуштибонӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои муқовимати Фаластин, ҳамалотеро алайҳи мавозе артиши режими саҳюнистӣ ба вежа дар манотиқи шимоли Фаластини ишғолӣ тартиб диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад