Хушунат натиҷаи нодидагирифтани таълимоти ҳақиқии дин аст

Устоди донишгоҳи Лойола Мэримоунт дар Лос-Анҷелес мегӯяд, калиди мубориза бо хушунате,, ки ба номи дин тамом мешавад, таълим аст. Бисёре аз мардум дар мавриди таълимоти ҳақиқии дини худ огоҳӣ надоранд, ба ҳамин далел аст,, ки гоҳе хушунат ва ифротгароӣ ба номи таассуб ва дин тамом мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, профессор Амир Ҳусайн (Amir Hussain), Устоди донишгоҳи Лойола Мэримоунт дар Лос-Анҷелес дар робита ба шиддат гирифтани интиқодот ва ҳамалот нисбат ба дин ва мусулмонон дар кишварҳои ғарбӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз хушунат ва тарвиҷи сулҳ мегӯяд.

Профессор Ҳусайн дар посух ба саволе дар мавриди рушди болои хушунати террористӣ ба номи Ислом дар солҳои ахир, ки боиси мавзеъгириҳое алайҳи ниҳодҳои мазҳабии мусулмонон шудааст бо ишора ба беиртибот будани хушунат бо таълимоти динӣ гуфт: барои бисёре аз аъмоли хушунатомез, омилҳои сиёсӣ вуҷуд дорад на мазҳабӣ. Бино бар ин афрод дар шароити сахт ба хушунат бо хушунат посух хоҳанд дод.

Ҳусайн бо ишора ба ошкор шудани хушунат аз сӯи бархе аз пайравони адёни дигар идома дод: гоҳе ин (хушунат) ба дин гиреҳ мехӯрад, зеро дар тамоми мутӯн ва суннатҳои динӣ, аз ҷумла онҳое, ки ба андешаи бархе холӣ аз хушунат ҳастанд монанди будисм, хушунат дар онҳо ҳам вуҷуд дорад. Бино бар ин гоҳе афрод аз ин мутӯн барои тавҷеҳи хушунати худ алайҳи дигарон истифода мекунанд.

Ин донишманди динӣ решаи ифротгароиро адами шинохти кофӣ аз дин донисту таъкид кард: фикр мекунам калиди мубориза бо хушунат бо номи дин,  таълим аст. Бисёре аз мардум дар мавриди суннатҳои динии худ огоҳӣ надоранд, фақат ончиро дар чанд хат ба онҳо омӯзиш дода мешавад, медонанд. Бино бар ин, мусулмоннамоҳое, ки аз хушунат истифода мекунанд бештар барои тавҷеҳи иқдомоти худ танҳо ба матнҳои исботӣ (мутӯне барои исботи як эътиқод ё асли илоҳиёте) тавваҷуҳ мекунанд, аммо ҳама чизро дар мавриди суннат (дин)-и худ намедонанд.

Вай бо зикри мисоле ба нақши дин дар ҷилавгирӣ аз хушунат пардохту гуфт: ман ба унвони як мусулмон, ба мисоле аз Паёмбари Акрам, ҳазрати Муҳамад (с) ишора мекунам, ки вақте баъд аз фатҳи Макка ба қудрат расид, душманонашро бахшид, он ҳам касоне, ки дар ҳақиқат қасди куштани Ӯро доштанд. Бино бар ин дин абзорҳои лозимро дорад, аммо бояд аз онҳо ба дурустӣ истифода кард.

Ҳусайн дар посух ба саволе дар мавриди тарвиҷи сулҳу мудоро аз тариқи дин барои муқобила бо ҷангҳои мазҳабӣ гуфт: Оё мураввиҷони сулҳро дар суннатҳои (динӣ)-и худ мешиносем? Ё кушиш мекунем таърихро мутобиқи барномаи худамон бознависӣ кунем?

Устоди донишгоҳи Лойола Мэримоунт дар Лос-Анҷелес дар мавриди инки мусулмонони кишварҳои ғарбӣ чигуна метавонанд бо боварҳои ғалате, ки хушунатро ба номи дин тарвиҷ мекунад муқобила кунанд? гуфт: аввалин маврид ин аст, ки мусулмонон дар зиндагии худ ба унвони фарди мусулмон хуб амал карда ва бо ҳамсоягони худ дар сулҳ зиндагӣ кунанд. Ин масаъла муҳим аст, мардуми мусулмон бояд ҳамсояро ба унвони як ҳамсояи хуб бубинанд.

Вай афзуд: Дуюмин роҳкор талош барои сулҳ мебошад. Довталаб шудан барои аҳдофи хуб душвор аст, аммо метавонед барои кумак, ба мактаби фарзандатон биравед, ба хайрия кумак кунед, ҳамаи инҳо муҳим ҳастанд. Мо шаҳрвандони кишварҳои мухталиф ҳастем ва бояд шаҳрвандон хубе бошем. Фикр мекунам ин роҳи ҳалли хубе аст ва дар марҳилаи баъд, таълим. Омӯзиши худамон дар бораи дини худ ва таърихи сулҳу адам хушунат метавонад дар ҳалли мушкилот кумак кунад.

Ҳусайн дар поён, нақши гуфтугӯҳои адёнро барои баланд бардоштани сулҳ бисёр муассир донисту гуфт: ин мавзӯи бисёр муҳиммест, зеро ибтидо бояд дар мавриди дини худ биомузед. Аҳамияти омӯзиш ва таълим ҳамин аст ва сипас ба дигарон дар бораи дини худ омӯзиш диҳед ва аз онҳо ёд бигиред. Бисёре аз афроде, ки аз мусулмонон метарсанд, ҳеҷ мусулмонеро намешиносанд. Бояд дар фазои умумӣ ҳузур дошта бошем ва бо иштирок дар корҳои хайр симои ҳақиқии дини мубини Исломро ба намоиш бигузорем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад