Паёми асосии ҷанҷоли таътилии давлат дар Амрико чист?

Ончи дар ҷанҷолҳои фаровони чанд вақти ахири Амрико бо меҳварияти таътил шудани эҳтимолии давлати федерали ин кишвар худнамоӣ мекунад ин аст, ки гӯё мардуми Амрико, қурбонии рақобатҳои сиёсӣ ва интихоботии демократҳо ва ҷумҳурихоҳон шудаанд ва ингор бахши гумшудаи моҷаро дар ин байн, манофеи онҳо аст ва ҳеҷ кас ба онҳо ва сарнавишташон таваҷҷуҳе надорад.

дар рӯзҳои гузашта ҷанҷолҳои фаровоне дар Амрико бо меҳварияти таътилии эҳтимолии давлати ин кишвар ба далели адами тасвиби лоиҳаи будҷа тавассути Конгреси Амрико ба роҳ афтодааст. Дар ин бора, ҷумҳурихоҳони тундрав, ки умдатан думболарави Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида ва чеҳраи ҷанҷолии Ҳизби ҷумҳурихоҳи ин кишвар ҳастанд, бар таътилии давлати Амрико таъкид доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар нуқтаи муқобил, бархе аз демократҳо ва ба таври хос шахси Байден саъй доранд то монеъ аз пешбурди ин дастурикор шаванд. Дар ин миён, ба тозагӣ Маҷлиси намояндагони Амрико рӯз шанбе гузашта, қонунеро тасвиб кардааст, то бар асоси он, таъмини будҷаи созмонҳои давлатии Амрико барои 45 рӯзи дигар тамдид мешавад. Қонуне, ки дар Маҷлиси сано низ тасвиб шуда ва амалан буҳрони таътилии давлат дар Амрикоро ба сурати муваққат ба таъвиқ андохтааст.

Дар моҳҳои ахир, тарҳи гумоназаниҳои мушобеҳ дар мавриди таътилии давлати федерал дар Амрико, нигарониҳои ҷиддиро низ дар Вол-стрейт эҷод карда ва ҳатто ожонсҳои мӯътабар эътиборсанҷии иқтисодӣ дар ҷаҳон назири муассисаи эътиборсанҷи Мудейз ҳушдор додаанд, ки таҳаввулоти инчунинӣ метавонанд бар рутбаи иқтисодии Иёлоти Муттаҳида дар арсаи байналмилалӣ ва дар қолаби шохисҳои мухталиф, таъсиргузории ба шиддат манфиро дошта бошанд.

Бо ин ҳама, нозирон ва таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ҷанҷолҳои ахир бар сари таътилии давлат дар Амрико, то ҳадди зиёде ранг ва бӯи интихоботӣ доранд ва ба думболи ирсоли полсҳои маънодоре ба афкори умумии ин кишвар ҳастанд. Дар ин чаҳорчуб, пофишории ҷумҳурихоҳони муттаҳид бо Трамп дар Конгресси Амрико бар зарурати таътилии давлати Амрико сабаб шудааст, то бисёре ба ин нукта ишора кунанд, ки трампистҳо саъй доранд бо ин иқдоми худ, бори дигар ба афкори умумии Амрико ин нуктаро гӯшзад кунанд, ки идомаи ҳузури Байден дар қудрат, ғайр аз хисорат ва буҳрон барои онҳо ҳеҷ надорад.

Ба баёни соддатар, ин тайф саъй доранд то Байден ва давлаташ ва ҳамчунин маҷмӯаи демократҳоро ба ғоят нокоромд ва мухолиф бо манофеи миллии Амрико, назди афкори умумии ин кишвар нишон диҳанд. Аҳамияти ин масъала замоне беш аз пеш ошкор мешавад, ки таваҷҷуҳ дошта бошем маҳбубияти умумии раисҷумҳури кунунии Иёлоти Муттаҳида бар асоси оморҳо ва назарсанҷиҳои мухталиф, дар бадтарин вазъияти худ аст ва гузораи таътил шудани давлати федерал дар Амрико, бо таваҷҷуҳ ба осебҳои ҷиддӣ, ки ба мардуми ин кишвар аз ҳайси иқтисодӣ ва ҳамчунин ироаи хадамоти умумӣ ворид мекунад, метавонад буҳрони ҷиддиро барои Ҷо Байден ва Ҳизби демократ эҷод кунад ва албатта, ки як барги барандаи муассирро дар дастони ҷумҳурихоҳони амрикоӣ қарор диҳад.

Бо ин ҳол, дар ҷабҳаи муқобил, бархе низ мӯътақиданд, ки ин муодила сирфан ба зарари демократҳо нест ва пофишории ҷумҳурихоҳон бар таътилии давлати федерал бо аҳдофи интихоботӣ, сабаб хоҳад шуд, то ҷараёнҳои расонаии муттаҳид бо демократҳо, ҷумҳурихоҳонро омили вазъияти иқтисодии нобасомон дар Амрико ва таҳмили фишор ба мардуми ин кишвар муаррифӣ кунанд.

Муодилае, ки дар умум метавонад бар бахти интихоботии ҷумҳурихоҳон, ва ба вижа бахти интихоботии шахси Трамп ба унвони номзади аслии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024-и Амрико, таъсиргузории манфии мустақим дошта бошад.

Бо ин ҳама, ончи дар ин миён беш аз ҳама худнамоӣ мекунад ин аст, ки гӯё мардуми Амрико, қурбонии рақобатҳои сиёсӣ ва интихоботии демократҳо ва ҷумҳурихоҳон шудаанд ва гӯё бахши гумшудаи моҷаро дар ин миён, манофеи онҳо аст.

Масъалае, ки дар навъи худ метавонад муҳимтарин паёми ҷанҷолҳои ахир дар Иёлоти Муттаҳида бо меҳварияти таътилии қарибулвуқуи давлати ин кишвар бошад ва албатта, ки паёмҳои муҳимеро низ дар мавриди вазъияти нобасомони шикофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Амрикои кунунӣ ва паёмадҳои ногувори ин мавзӯъ барои ояндаи Амрико ба ҳамроҳ дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад