Иттиҳоми одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ (рэкет), ғоратгарӣ ва дуздӣ ба 4 тоҷик дар Санкт-Петербург

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 2 октябри соли 2023 дар саҳифаи худ дар шабакаи “ВКонтакте” аз анҷоми тафтиши парвандаи 4 зодаи Тоҷикистон – аъзои гуруҳи ҷиноии этникӣ ё қавмие хабар дод, ки ба одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ (рэкет), ғоратгарӣ ва дуздӣ айбдор мешаванд.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 2 октябри соли 2023 дар саҳифаи худ дар шабакаи “ВКонтакте” аз анҷоми тафтиши парвандаи 4 зодаи Тоҷикистон – аъзои гуруҳи ҷиноии этникӣ ё қавмие хабар дод, ки ба одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ (рэкет), ғоратгарӣ ва дуздӣ айбдор мешаванд.

Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршавандагон рӯзи 24 октябри соли 2022 дар як парковка дар хиёбони Дунай дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт Петербург ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” бор кардаанд.

Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо таҳдиди куштан бо намоиши корду пистолет, пулу телефон ва соати ӯро, ки арзишашон тақрибан 34 ҳазор рублро ташкил медод, бо зӯрӣ кашида гирифтаанд. Одамрабоён ҳамчунин тавассути телефон аз суратҳисоби гаравгон 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигари он марди гаравгонро низ гирифтаанд.

Онҳо ҳамин тавр ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба марди гаравгон идома дода, аз вай талаб кардаанд, ки агар ба онҳо як миллион рубл надиҳад ва худро аз “шармандагӣ” халос накунад, дар борааш маълумоти бадномкунандаро паҳн хоҳанд кард.

Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Баъди ин гаравгонгирон ӯро ба назди як бино ба кӯчаи 10-уми Красноармейская дар як гӯшаи дигар дар қисмати шимолии Петербург овардаанд.

Гаравгон дар инҷо бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз мошин баромада, аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пулис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду муҳоҷири ҷавони 24-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба ду духтар дар ноҳияи Калинин дастгир кардааст.

Худи ин ду ҷавон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои манобеи хабаргузории русии Регнум, гӯё ба Ҷомӣ Кимсанов ва Муҳаммад Бобозода ранги ғайриоддии мӯйсар ва пирсинг, яъне дар бинию лаб ва дигар узвҳои баданашон овезон кардани ҳалқаҳо, хуш наомадааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Телеграм-канали Маш, як расонаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, хабар додаанд, ки ду духтаре, ки шоми 25 сентябри соли 2023 дар назди боғи ба номи академик Сахаров дар Петербург мавриди ҳамлаи ҷавонони тоҷик қарор гирифтанд, лесбиянка, яъне ҳамҷинсгаро будаанд.

Вячеслав Степченко, сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ба Регнум қазияро чунин шарҳ додааст: “Шоми 25 сентябр, соати 19:26, ба пулис дар бораи муноқишаи байни ду духтар ва ду марди ношинос дар назди бинои №29 дар кӯчаи Замшин хабар расид.

Яке аз ин мардон ба духтарон бо корд таҳдид кардааст. Дар ин суроғаи зикршуда пулис ду марди 24-солаи зодаи яке аз кишварҳои хориҷаи наздикро дастгир кард. Корд ҳам мусодира карда шуд”.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 119 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми таҳдиди куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ду ҷавони тоҷик бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо 480 соат корҳои ислоҳӣ, ё то 6 моҳи ҳабс, ваё то 2 сол корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати то 2 сол таҳдид мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад