Аҳмад Масъуд дархости кумак аз Исроилро рад кард

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфта, ки раҳбари ин ҷабҳа бо ҳеҷ расонаи исроилӣ гуфтугӯ накардааст ва ҳеҷ кумаке аз Исроил дархост накардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо ҳеҷ расонаи исроилӣ суҳбати ихтисосӣ надошта ва ҳеҷ мутолибаи кумак аз кишвари Исроил сурат нагирифтааст.”

Ҷабҳаи муқовимат ин хабарро “овозаҳои беасос ва ғаразнок” хондааст.

Рӯзномаи исроилии Мориф гузориш дод, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мусоҳибае дошта ва дар он гуфтааст, ки: “дар ҷанг бо Толибон аз кумаку ҳимояти ҳар кишваре ба шумули Исроил истиқбол мекунад.”

Раҳбари дар табъиди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чанде пеш дар мусоҳибае дар Париж гуфта буд : “неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳеҷ кумаки низомӣ дарёфт намекунанд ва ба анборҳои таслеҳотии марбут ба чандин даҳаи ҷанг дар Афғонистон вобаста ҳастанд. Онҳо ба муҳиммот ниёз доранд.”

Масъуд дар ин мусоҳиба таъкид кард: ин ба қадри кофӣ сабаби дардисари Толибон аст албата на он қадаре, ки боиси сарнагунии онҳо шавад ё боис шавад то бар сари мизи музокира бинишинанд. Ин чизест, ки ҷаҳон бояд даркаш кунад.

Вай гуфт: мо талош мекунем то ба ғарбиҳо бигӯем, ки шояд шумо ба масъалаи Украина машғӯл ва саргарм ҳастед, аммо мо ҳам бобати авзоъ дар Афғонистон ба тавваҷӯҳ ниёз дорем чун авзоъ дар кишвар мисли бомбаи соъатӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад